маориф
Филиали Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таъсис ёфт
Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд филиали таълимгоҳ таъсис ёфт ва соли оянда қабули донишҷӯёнро оғоз мебахшад. Бино бар маълумоти ӯ сабаби таъсиси филиал зиёд шудани хоҳишмандону довталабон ба соҳа ва ин муассисаи таълимист.
Дар донишкада аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон донишҷӯён таълим мегиранд. Тибқи нақша соли оянда 50 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои таҳсил бояд қабул гардад.
-Боло рафтани мақому мартабаи донишкада моро водор месозад, ки сифати таълиму тарбияро беҳтар намоем. Тамоми китобҳои таълимӣ ба забони давлатӣ омода гардидаанд. Дар соли оянда ҳамаи барномаҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ ба нашр мерасанд. Китобхонаро бо адабиёти тозанашри зарурӣ таъмин намудем. Ба маблағи 37 ҳазор сомонӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шудем, - изҳор дошт сарвари таълимгоҳ.
Дар посух ба пурсишҳои хабарнигорон ректор гуфт, ки шаҳрдорӣ мушкилоти рафтуомади донишҷӯёну омӯзгоронро ба инобат гирифта аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр то ба донишкада се хатсайри нав кушод.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5635