маориф
Мушкилоте ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст
Поён рафтани сатҳи маъ-навиёт аз мушкилотест, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳониро бисёр ба ташвиш овардааст. ЮНЕСКО бо изҳори нигаронӣ онро аз масъалаҳои умдатарини давр арзёбӣ кард ва ба хотири баррасӣ ва ҳалли дурусти он дувумин конференсияи умумиҷаҳонии таълимоти бадеиро ин бор дар Кореяи Ҷанубӣ доир намуд. Фароғат Азизӣ, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, доктори илми санъатшиносӣ, дар ин конференсия ширкат варзид ва ба намояндагӣ аз кишвари мо маърӯза намуд. Сӯҳбати хабарнигорамон бо ӯ дар ин хусус аст.
-Мӯҳтарам Фароғат Азизӣ, поён рафтани сатҳи маънавиёт оё ба болоравии сатҳи техника ва технологияи навин вобастагӣ дорад?
-Бояд дар оғоз ёдовар шавам, ки ин масъала аз масъалаҳои ташвишовару нигаронкунандаи даври мо маҳсуб меёбад. Он дар охири асри гузашта пайдо шуд. Нодида гирифтани мушкилот ва ҳам барои ҳаллу рафъи он наандешидани чораҳои ҷиддиву қатъӣ гиреҳро чигилтар намуд. Яъне барои кушоданаш дигар на аз нохун, балки бояд аз дандон истифода бурд.
Поён рафтани сатҳи маънавиёт ба болоравии сатҳи техника ва технологияи навин вобастагӣ надорад. Чаро? Чунки агар қиёс шавад, дар кишварҳое, ки техника ва технология ба суръати кайҳонӣ пеш рафтааст, ҳамзамон дар он таълимоти бадеӣ пурқувват гардидааст. Масалан, Кореяи Ҷанубӣ. Ва ба ин хотир дувумин конференсияи умумиҷаҳонии таълимоти бадеӣ дар ин кишвар доир шуд. Воқеан, муассисаҳои таълими бадеии он дастовардҳои зиёду ибратбахш доранд.
-Чи боиси костагии таълимоти бадеии кишвари мо гардидааст?
-Пеш аз он ки ба ин пурсиш посух бигӯям, бояд суоле матраҳ кунем, ки костагии маънавиётро чӣ гуна метавон дид ва арзёбӣ намуд? Баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ дар ин маврид дар дунё бо қиёси наслҳо сурат мегирад. Насли наврас бештар эҳсосианд. Аз таълимоти эстетикӣ кам бархурдоранд. Ва ин дар муносибату муоширату фаъолияташон равшан ошкор аст. Тафовут ё худ номувофиқоии насли наврасу калонсолро ба маънии манфиаш бараъло метавон дид. Он чӣ хавф дорад? Аввалан, бо инкори ҳамдигарии наслҳо боварӣ, алоқамандиву иттиҳод аз миён меравад. Баъдан, беҳтарин анъанаву суннатҳои миллӣ на танҳо идома намеёбанд, балки маҳв мегарданд. Дар ин сурат муаррифии дурусти миллат бо арзишҳои хоси ахлоқӣ, ҳунарӣ душвор мешавад. Ва ин ҳама дар раванди ҷаҳонишавӣ таъсири бади худро мегузорад.
Пештар ба таълимоти бадеӣ, тарбияи эстетикии наслҳо, хоса насли наврас диққати ҷиддӣ дода мешуд. Маълумоти бадеиро он замон ба ду самт тақсим намуда буданд: маълумоти бадеии махсус ва маълумоти бадеии омма. Самти аввал ба соҳаи фарҳанг пайвастагӣ дошт, яъне мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, коллеҷҳои фарҳанг, донишкадаи санъат ва ғайраҳоро дар бар мегирифт. Самти дувум бо таълими як силсила фанҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, аз қабили суруд, расмкашӣ, таълими меҳнат, табиатшиносӣ иртибот дошт.
Имрӯз сохтори давлатӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият доранд, ки ҳар кадом ба фарҳанг низ иртибот мегиранд. Ба ҷуз ин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд. Зимни таҳлил ва баррасии фаъолияти фарҳангии онҳо ошкор гардид, ки таълимоти бадеии мо аз он ҷиҳат коста аст, ки як равияи дурусти муайянро дар бар намегирад ва ба хотири раҳнамуниву ташаккул зери сарпарастӣ қарор надорад. Инчунин дар ҳамаи самтҳо фаъолият ҷавобгӯи талаботи давр нест. Махсусан аз тарбияи эстетикии муассисаҳои томактабӣ бояд изҳори нигаронӣ намоем. Ин навъ тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 45 дақиқаи дарсӣ дар фанҳои алоҳида маҳдуд мегардад. Дар Кореяи Ҷанубӣ ба маҳдудият созиш намекунанд. Тарбияи эстетикӣ на танҳо тавассути дарс, балки тавассути маҳфилҳову дигар фаъолияти хонандагон ва истироҳати онҳо низ фаро гирифта мешавад. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ хонандагон оркестрҳои симфонӣ, ансамблҳои скрипканавозон доранд. Тавассути мактаб ба осорхонаҳову дигар муассисаҳои фарҳангӣ ва корҳои ҳунарӣ ошноӣ пайдо мекунанд.
Бояд ёдовар шавам, ки гурӯҳи ками насли навраси мо пас аз дарс ба омӯзиш, машқ ва ё дигар корҳои манфиатнок машғул мешавад. Беҳудагардӣ дар кӯчаҳо ва назди хонаҳо қариб ба меъёр мубаддал гардидааст. Падарону модарон дар ин маврид на танҳо беэътиноӣ мекунанд, балки онро чун як амали муқаррарӣ медонанд. Намеандешанд, ки фарзандонашон бо кӣ ё кадом гурӯҳ дар берун иртибот доранд ва чи таъсири баде дар ахлоқу фаъолияти онҳо гузошта метавонанд.
Ҳамин тавр, насли наврас на ба китобхонӣ, на ба мусиқӣ, на ба расмкашӣ ва на омӯзишу шинохти табиат машғул мешавад.
Мо аз хушбахттарин мардуме маҳсуб меёбем, ки чор фасли солро дорем ва бояд аз зебоии онҳо, хусусиятҳои муфидашон баҳравар гардида тавонем. Наботот ва ҳайвоноти гуногунро соҳибем, ки ҳамаро бояд омӯхту дӯст дошт. Ҳамчунин кӯҳу теппаҳо, чашмаву ҷӯйу дарёҳо –ҳама бояд мавриди бинишу омӯзиш қарор бигиранду бо меҳри тамом нигоҳдорӣ бишаванд.
Мутаассифона, ин ҳама дороиҳо ва неъматҳои кишвари моро фарзандони мо, он гунае ки мебояд, намебинанду намеомӯзанд. Барои чӣ? Барои он ки дидану омӯхтани ин табиати зеборо ба фарзандони худ ёд намедиҳем. Он на дар суннатҳои хонаводагии мо ва на дар барномаҳои таълимии мактаб пешбинӣ нашудааст. Агар омӯзишу тадрис танҳо дар мактаб сурат гирад, фарҳанги кас дар оила, урфу одат ва инчунин тавассути дарки табиати зебои Ватан ташаккул меёбад.
-Дар пайравӣ ба кишвари Корея чӣ тадбир бояд андешид?
-Расму ойин ва анъанаву суннати миллии мо, тоҷикон, дар нисбати мардуми ин кишвар фарқ мекунад. Аз ин рӯ набояд ба нусхабардорӣ рӯ биёрему ба он иктифо намоем.
Табиати кишвари мо, тавре ёдовар шудам, барои дидану дӯст доштан ҳама чизро дорад. Чаро мумкин нест, ки хонанда се рӯз дар мактаб биёмӯзаду як рӯз дар оғӯши табиат? Ин бисёр муфид аст.
Ҳамкории иттиҳодияҳои ҳунарӣ бо мактаббачагон имрӯз ҷавобгӯи талабот нест. Озмунҳои шеъру китобхонӣ қариб ки фаромӯш шудаанд. Бо китобҳои нав шинос намекунем. Ба зодгоҳи аҳли эҷод, хона-музейи онҳо хонандагонро намебарем.
Мо ҷойҳои муқаддас ва муассисаҳои фарҳангӣ-таърихии зиёд дорем, ки бояд аз даврони мактабӣ хонандагон дар бораи онҳо маълумоти заруриро дошта бошанд. Онҳо бояд таассуроти худро аз онҳо дар шакли нақли хаттӣ ё иншо бинависанд. Ин ба рушду нумӯяшон таъсири мусбат мегузорад. Он чи хонанда дар ин давра меомӯзад, як умр дар хотираш мемонад. Бояд фаромӯш накунем, ки имкони кушодани дарича ба олами зебоӣ на ҳама вақт даст медиҳад.
Расму ойинҳои хуб дорем, ки метавонем дар мактаб онҳоро дуруст биомӯзонем. Масалан, чойнӯшӣ, дам кардану барои дигарон чой рехтану додан ба расму фарҳанги миллӣ дохил мешавад ва хусусияти фарқкунанда дорад. Донистани он зарур аст. Пас чаро яке аз дарсҳоро ба ин мавзӯъ набахшем?
Ба кӯдакон одоби салом доданро намеомӯзонем. Магар барои миллати мо ин муҳим нест? Оё ҳама медонад, ки ба падар, омӯзгору дӯст ва меҳмон чӣ гуна салом бояд дод? Яъне ҳар кадоми он вобастаи замону макон аз ҳам тафовут дорад. Баъзан мо аз ёд додани чунин унсурҳои одии зиндагии рӯзмарра ҳазар мекунем, ба он таваҷҷӯҳ намедиҳем ва муҳим намешуморем. Ҳол он ки ин ибтидои ҳама чиз аст.
Ва ё тарзи шунидани мусиқии Ғарбу Шарқро бояд омӯзонд. Чаро аз овони кӯдакӣ, дар давраи томактабӣ шунидани мусиқиро ҷорӣ накунем?
Фарҳанги мо бо дини мубини Ислом иртиботи қавӣ дорад. Мутаассифона, аз надонистани он иддае суиистифода намуда хонандагону ҷавонони моро гӯл мезананд ва ба ҷараёну мазҳабҳои гуногуни тафриқаандоз мекашанд.
Хуб мешуд агар пеши дару девори худро меруфтему тоза нигоҳ медоштем. Барои мисол пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо ба деҳот муқоиса мекунем. Имрӯз деҳаи мо нисбати пойтахтамон тозатар аст. Чунки дар ин ҷо фарҳанг ва расму ойини мо дар мавриди покиза нигоҳ доштани макони зист пойдор монда, ҳар саҳару бегоҳ соҳибони хона ҳавлӣ ва даромадгоҳҳои хонаҳояшонро об мезананду мерӯбанд. Ва ин аз ҷониби масъулони деҳ, ҳамсояҳо, наздикон назорат мешаваду баҳогузорӣ мегардад. Мутаассифона, мо ин фарҳанг ва расму ойинро дар пойтахт фаромӯш намудаем ва ё агар гурӯҳе донанд ҳам, намеомӯзонанд. Нисбати масъалаи мазкур бетафовут менигарему масъулияти шаҳрвандии худро эҳсос намекунем.
Дар пойтахти кишвар фарҳанги либоспӯшӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Меъёрҳои он риоя намегардад.
-Вазорати фарҳанг дар мавриди ривоҷи таълимоти бадеӣ чӣ тадбирҳои мушаххасро меандешад?
- Вазорати фарҳанг бо амалӣ намудани сиёсати фарҳангии кишвар ва барномаҳои ЮНЕСКО бисёр тадбирҳоро меандешад. Масалан, «Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ» ва «Феҳристи мероси фарҳангии моддӣ»-ро омода намудааст. Барномаҳои рушди фарҳанг, рушди ҳунарҳои бадеӣ, рушди мусиқии касбӣ таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод ва қабул гардиданд, ки амалӣ шудани онҳо ба ривоҷу самарабахшии таълимоти бадеӣ хеле мусоидат мекунад.
Умуман, давлату ҳукумат ҳама имкониятҳоро дар ин маврид барои амалӣ гардидани нақшаҳои муфид дастгирӣ менамояд. Аммо ҳалли дуруст ва пурраи масъала вобастагӣ дорад ба фаъолияти якҷояи вазоратҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, воситаҳои ахбори омма ва на танҳо идораҳои назоративу роҳбарикунандаи ин соҳаҳо, балки ҳар як ташкилоту корманди одии ону ҳар як хонаводаи тоҷик. Ба ин хотир лозим аст, баҳри дар амал татбиқ намудани ниятҳои неки ин барномаҳо ҷомеа саҳми арзанда гирад. Ва, албатта, барои амалӣ шудани он фаъолиятро бояд бо ҳисси масъулиятшиносӣ, дилсӯзӣ ва ифтихори ватандорӣ беҳтар намоем.
Абдулқодири РАҲИМ,
Хабарнигори “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5895