мулоқотҳо
Таҳкими амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд
9 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Русия Александр Бортниковро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама дар самти таҳкими амнияти минтақавӣ, баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилооти фаврӣ миёни сохторҳои марбутаи ду кишвар зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Русия дар ин самти ҳамкорӣ шарикони табиии стратегӣ мебошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2179