мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Виҷай Кумар Синкҳро ба ҳузур пазируфт
11 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори ситоди артиши Ҳиндустон Виҷай Кумар Синкҳро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.
«Мақоми муҳим доштани ҳамкории низомии Тоҷикистону Ҳиндустон дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар нишонаи шарикӣ ва эътимод аст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳи баланди муносибатҳо ва пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Мубодилаи иттилооту таҷриба дар муборизаи байналмилалии зиддитеррористӣ, кӯмакрасонии техникӣ ва омодасозии кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории низомии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистону таъсири манфии он ба кишварҳои ҳамсоя ва тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон доир ба таҳкиму тақвияти амнияти минтақавӣ сурат гирифт.
www.president.tj
Виҷай Кумар Синкҳ, сардори ситоди артиши Ҳиндустон, пас аз анҷоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони ВАО гуфт, ки ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеаи бештари ҳамкориҳои низомӣ, низомию фаннӣ, муборизаи муштарак бар зидди падидаҳои номатлуби ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфнок, ба мисли терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва бунёдгароиро матраҳ сохтанд.
Виҷай Кумар Синкҳ зикр сохт, ки дар мулоқот ҳамчунин дар атрофи як қатор масъалаҳои муҳими рӯз – амнияти минтақа, авзои Афғонистон, омӯзиши кадрҳо, баргузории тамриноти муштараки низомӣ ва дастрасӣ ба иттилоот табодули назар сурат гирифт.
Сардори ситоди артиши Ҳиндустон ба саволи хабарнигорон дар мавриди имкони истифодаи нерӯҳои ҳарбии кишвараш аз фурудгоҳи низомии «Айнӣ» посух дода, зимнан иброз дошт, ки ҷониби Ҳиндустон фурудгоҳи мазкурро бар асоси тавофуқи дуҷониба тармиму навсозӣ намудааст. Мавзӯи истифода аз онро бошад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян хоҳад кард.
Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2054