logo

паёмҳо

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон, 15 ноябри соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Фардо дар Тоҷикистони азизи мо яке аз идҳои шарифи мардуми мусулмон - иди Қурбон таҷлил мегардад.  Ба ин муносибат ҳамаи шуморо  самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон аз даргоҳи илоҳӣ саломативу хушрӯзӣ, хонаи ободу дастархони пурфайз ва оромиву осоиши рӯзгор орзумандам.

Боиси хушҳоливу хушбахтии ҳар кадоми мост, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми мусулмони кишвар аз арзишҳои фарҳангиву динӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ба таври васеъ баҳравар гардида, маросиму суннатҳои динии худро озодона ба ҷо меоранд.
Имрӯз мусулмонони кишвари мо ба истиқболи иди Қурбон тараддуд ва омодагӣ мегиранд; дастархони идона ороста, бо дуову фотиҳа арвоҳи гузаштагонро ёд мекунанд.
Анъана ва суннати неки дигар, ки дар рӯзҳои ид анҷом дода мешавад, хайру саховат ба ниёзмандон мебошад. Мардуми шарифи мо хуб медонанд, ки амалҳои хайри дар ин рӯзҳо анҷомдодаи онҳо, яъне дароз кардани дасти мадад ба ҳоҷатмандону мӯҳтоҷон, хурсанд кардани ятимон, аёдати беморону куҳансолон ва кӯмак ба оилаҳои камбизоат, боиси мустаҳкам шудани меҳру муҳаббат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа мегардад ва онҳоро ба ҳамдигар наздиктар менамояд.
Дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва ниёзмандиҳои ҷиддии ҷомеаи мо тарбияи насли солим ва дур аз фасоди ахлоқӣ, ба камол расонидани шахсияти таҳаммулгарову нексиришт, ороста бо ахлоқи ҳамида, мусаллаҳ бо донишу ҷаҳонбинии муосир ва омодаи хизмат ба Ватан ва ҷомеа мебошад.
Аз ин лиҳоз, мехостам бо истифода аз фурсати муносиб  - арафаи иди шарифи Қурбон доир ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти падару модарон, зиёиён, ходимони масҷидҳо ва умуман аҳли ҷомеа дар ин раванд ибрози ақида намоям.
Бузургони гузаштаи мо фармудаанд: «Агар хоҳӣ, ки номат ҷовидон монад, фарзандро хирадмандиву илму фарҳанг биёмӯз!»
Бешубҳа, пешрафти ҷомеаи башарӣ, тараққӣ ва шукуфоии халқу миллатҳо, гузоштани асоси тамаддунҳову эҷоди фарҳангҳо ва суботу  устувории ҷамъияту давлатҳо ба тарбияи солим ва таълими дурусти фарзандони ҳар аср вобастагии зич дорад.
Тавре аз таърих медонем, миллатҳое, ки ба ҷаҳониён номи нек ва илму ҳикмати пурифтихорро ба ёдгор гузоштаанд, ба масъалаи тарбияи насли наврас бо масъулияти ҷиддӣ муносибат доштаанд.
Ба ин сабаб дар хусуси тарбияи фарзандон, дуруст ба воя расонида, ба роҳи дурусти ҳаёт равона кардани онҳо саҳлангорӣ намекарданд; то ҳадди имкон ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки ба ҷомеа афроди тарбиятдида ва таълимгирифтаро тақдим намоянд.
Дар яке аз ҳадисҳои набавӣ низ омадааст, ки «агар мард фарзандро адаб  биёмӯзад,  беҳтар аз он аст, ки садақа бидиҳад». Яъне тарбия ва таълими фарзанд беҳтарин садақа буда, вазифаи виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди мусулмон маҳсуб мешавад.
Зеро бе тарбияи насли ҷавони дорои ахлоқи ҳамида, донишҳои касбии замонавӣ ва забондон эъмори ҷомеаи мутамаддин ва давлати пешрафта аз имкон берун аст.
Аз ин рӯ, аз ҳар як падару модар тақозо мешавад, ки масъулият ва қарзи худро дар назди фарзандонашон  амиқан дарк карда, ба хотири фароҳам овардани шароит барои донишандӯзӣ ва тарбияи солими онҳо  ҳамеша кӯшиш намоянд.
Ҳадафи асосии давлат тарбияи наврасону ҷавонони соҳиби илму ҳунари муосир, донандаи техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва мутахассисону кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошад.
Дар баробари ин давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон омӯзиши илмҳои диниву мазҳабиро инкор накарда, тибқи ниёзи ҷомеа ва ба тариқи расмӣ танзиму ташкил кардани онҳоро аз вазифаҳои муҳими хеш медонад. Танзими ин раванд ба фоидаи ҳар донишҷӯ, ҷомеа ва Ватани азизи мо мебошад. Зеро давлат дар баробари таъмини озодии таълим масъули назорати таълим ва донишомӯзии ҳар шаҳрванди ҷомеаи озод мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки бо шукӯҳу шаҳомат гузаронидани чорабиниҳои идона фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва иттиҳоду сарҷамъии ҷомеа муяссар мегардад.
Дар шароити суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ иқтисоду иҷтимоиёти кишвар рӯ ба тараққӣ оварда, пояҳои давлатдории миллии мо таҳким меёбанд. Танҳо дар чунин шароит мо ба яке аз мақсадҳои асосии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори давлати пешрафтаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ расида метавонем.
Лекин дар хотир бояд дошт, ки барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа бояд ҳамаи мо ва ҳар як фарди бонангу номус, аҳли зиё, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва рӯҳониёну ходимони масҷидҳо, хулоса кулли шаҳрвандони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона саъйу талош намоем.
Мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ  ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем.
Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд, зеро  қонунгузории демократии давлатамон дар баробари эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд озодии эътиқод ва виҷдонро кафолат медиҳад.
Бовар дорам, ки мардуми тоҷик ва дар навбати аввал наврасону ҷавонони мо бо пайравӣ аз анъанаҳои неки ниёгонамон ҳарчи бештар ба омӯзиши илму маърифат ва азхуд кардани касбу ҳунар рӯ оварда, дар ободии имрӯзу ояндаи Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон  ва таҳкими мақому обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Шубҳае нест, ки хусусан дар ин айёми шариф ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номуси ҷомеа бо анҷом додани аъмоли хайру савоб ва бо шукрона аз неъмати истиқлолу озодӣ ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон саъйу талоши ватандӯстонаро вусъат мебахшад.
Соли оянда давлати соҳибистиқлолу ҷавони мо бистсола мешавад ва барои истиқболи сазовори ин санаи мубораку муқаддаси миллӣ ҳар кадоми мо вазифадорем, ки бо дилу нияти нек ва умеди қавӣ ба фардои осудаи халқу давлатамон дучанд заҳмат кашем.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар фарорасии иди шарифи Қурбонро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз ва кулли мусулмонони ҷаҳон муборакбод гуфта, бароятон аз даргоҳи Худованди мутаол хонаи обод, сари баланд, ризқу рӯзии фаровон ва тандурустиву имони комил орзумандам.
Идатон муборак бошад!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6315
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед