президент
Омодагӣ ба мавсими зимистон ва тезондани кишти тирамоҳӣ баррасӣ шуд
17 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ҳукумати мамлакат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масъалаи омодагӣ ба мавсими зимистон ва тезондани киштукори тирамоҳӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба масъулон ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ба зимистон, аз ҷумла таъмини мардум бо газу гармӣ ва нерӯи барқ, хусусан муассисаҳои таълимию тандурустӣ, сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва ҳамчунин босамар истифода кардан аз рӯзҳои офтобӣ барои тезондани киштукори тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3677