мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Акиф Айҳан
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Акиф Айҳанро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуданд..
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 4 – солаи дипломатии сафири Туркия дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Акиф Айҳан изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳкиму густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия саҳми намоён хоҳад гузошт.
Таъкид гардид, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар, ки шарикони анъанавӣ ба шумор мераванд, дорои дурнамои судбахш мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1986