logo

паёмҳо

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчам, 23 ноябри соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Бистучоруми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон дуюмин солгарди ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Парчамро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтихори ин рӯзи фархунда муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу хушбахтӣ ва хонаи ободу рӯзгори осуда орзумандам.
Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст.  Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои орёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд.  
Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он  ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.      
Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд.  Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. 
Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост.
Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.
Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши  муборизаи фидокоронаи фарзандони содиқу вафодори онҳо будааст. Зеро ҳар як фарзанди вафодор ва бонангу номуси миллат гӯшаи ватан, ҳастии халқ ва ҷовидонагии давлатдории хешро маҳз дар ҳамин рамзҳо эҳсос карда, бо ҳимояи онҳо Модар - Ватанро ҳифз менамояд. Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.  
Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо - тоҷикон муқаддас аст. Дар назди парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози одӣ  савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад.
Парафшонии парчам дар ҳар гӯшае баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат аст. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва бинои дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, парчами мо нурафшонӣ мекунад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ роҳбалади Сарвари давлат буда, ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ боло мешавад. 
Парчами давлатии Тоҷикистон пешгоҳи  биноҳои мақомоти давлатиро ба тарзи хоса зебу зинат мебахшад. Дар рӯзҳои ҷашн чун рамзи саодату сарбаландии мо парчами миллати тоҷик ҷилваи дигар дорад ва хиёбонҳои марказӣ ва пештоқи муассисаву идораҳоро шукӯҳи тоза бахшида, мардум меҳру муҳаббати самимии худро нисбат ба он изҳор менамоянд.
Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд.
Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.
Ҷашни Рӯзи парчам - эҳтиром ба рӯҳи  қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки  дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.     
Бинобар ин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ - Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд. 
Аз муносибате, ки шаҳрвандони як мамлакат ба парчами миллии худ доранд, метавон ба хубӣ пай бурд, ки онҳо миллат ва давлати худро то  кадом андоза дӯст медоранд ва қадр менамоянд.
Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ҳамеша ва дар ҳама ҷо ба  ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии кишвар ҳидоят намояд.
Эҳсоси муҳаббат ба парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад. Ба ин маънӣ, расидан ба қадри парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар ин лаҳзаҳои фархунда, бо дарназардошти мақому манзалат ва моҳияти парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум пешниҳод менамоям, ки яке аз майдонҳои пойтахти мамлакат ба номи Парчами миллӣ номгузорӣ карда шавад.
Итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлати соҳибистиқлоламон, яъне рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг, хулоса ба тамоми арзишҳои ахлоқиву маънавии халқамон торафт бештар ва густурда мегардад ва халқи шарафманди тоҷик зери парчами муқаддаси миллӣ мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро бо меҳнати фидокорона паси сар намуда, ба эъмори ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин муваффақ мегардад.
Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ табрику таҳният гуфта, ба шумо саломативу хонаободӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6582
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед