мулоқотҳо
Ҳамкории Тоҷикистону Русия боз ҳам
густариш хоҳад ёфт
25 ноябри соли 2010, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ ёфтанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Русия ва шахсан Раиси ҳукумати он Владимир Путин барои тадбирҳои анҷомёфта дар роҳи рушди ҳамшарикии стратегии ду кишвар изҳори сипос намуда, аз ҷумла таъкид дошт: «Ба шарофати талошҳои Шумо муносибатҳои мо тавозуни бештар пайдо намуда, ба марҳалаи сифатан нав – марҳалаи татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷм дар соҳаҳои гуногун ворид шуд. Чунин ҳамкорӣ назири дигар дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ надорад».
Владимир Путин дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия ва Тоҷикистонро риштаҳои устувори дӯстию ҳамкорӣ ба ҳам мепайванданд. ӯ ҳамчунин ба ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, қабл аз ҳама дар соҳаи энергетика баҳои баланд дод.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «сатҳи баланди боварӣ ва манфиатдории умумӣ дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ хислати хоси ҳамкории сиёсии Тоҷикистону Русия мебошад».
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар зарфи 7 соли охир 3 баробар афзоиш ёфтааст. Зикр гардид, ки агар ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2000 ҳамагӣ 360 миллион доллари амрикоиро ташкил дода бошад, пас дар соли 2008 ин нишондод то ба 1 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ расид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия барои дастгирии тасмим оид ба ҷудо намудани маблағ аз Хазинаи зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё баҳри дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ арзи қадрдонӣ намуд.
Ба афзоиши воридоти сармоягузорӣ баҳои баланд дода шуд, зеро ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, беш аз сеяки ҳаҷми умумии сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон ба Федератсияи Русия рост меояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки садҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба сармоягузорӣ аз Русия ҳавасманд мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъол гаштани нерӯгоҳи обии «Сангтӯда –1» ва фаъолияти сохторҳои «Газпром» ва «Росатом»-и Русия дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин татбиқи амалии тавофуқоти дигари миёни ду кишварро, аз ҷумла доир ба бунёди се нерӯгоҳи миёнаиқтидори барқии обӣ матлуб арзёбӣ намуд.
Ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати сабук ва кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника низ баҳои мусбат дода шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Чоргонаи Душанбе, яъне давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Афғонистону Покистон сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки таҳкими бештари мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки сармояи Русия дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионии Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти Афғонистон низ мусоидати фаъол мекунад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2089