мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт
Бегоҳии 22 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Муратбек Иманалиевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҳамоиши сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 25 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
«Ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай барои кишвари мо яке аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад», - изҳор намуд дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими имконоту қудрати ин созмон аст ва барои ин аз ҳама иқдому ташаббусҳои судманд пуштибонӣ хоҳад кард».
Муратбек Иманалиев аз омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи хоси роҳбарияти кишвар ба ҳамоиши мазкур изҳори хушнудӣ намуда, ёдовар шуд, ки дар зарфи 4 соли охир бори дуюм аст мулоқоти сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши мазкур барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои гуногуни судбахш заминаи мусоид мегузорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2222