мулоқотҳо
Президенти Тоҷикистон аз сафирони
11 давлат эътимоднома қабул кард
22 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фақулодда ва мухтори 11 давлати хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.
Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро сафирони Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад ал-Ҳадидӣ, Ҷумҳурии Арабии Яман Муҳаммад ал-Ҳилолӣ, Ҷумҳурии Алҷазоир Рамдан Мекдуд, Судон Муҳаммад Заруг, Қирғизистон Урмат Саралаев, Финландия хонум Туула Юреля, Словения хонум Ада Сливник, Боснияву Гертсеговина Эмир Кадонич, Куба Абелардо Феррера, Бангладеш Хандакар Абдусаттор ва Муғулистон Хаваавчийн Аюрзан тақдим намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат, ки баъди маросими қабули эътимодномаҳо сурат гирифт, аз ҷумла аз авлавиятҳои мавҷуда дар муносиботи дуҷониба бо давлатҳои номбурда ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафирони нави ин кишварҳо баҳри таҳким ва густариши равобити дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Онҳо низ дар навбати худ изҳор доштанд, ки баҳри рушди муносиботи судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1992