мулоқотҳо
Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Лӣ Жео Гу
25 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки содироту воридот (Эксимбонк) - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Лӣ Жео Гуро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва сармоягузории лоиҳаҳои сершумори зербиноӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия арзи сипос кард.
Зикр гардид, ки бо сармоягузорӣ ва кӯмаки техникии давлати Чин ва Бонки содироту воридоти он дар Тоҷикистон бунёди хати 500 киловолтаи Ҷануб - Шимол ва 220 киловолтаи Лолазор - Хатлон пурра анҷом ёфта, сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чанак бо нақби Шаҳристон, Душанбе - Хоруғ -Кулма ва татбиқи дигар лоиҳаҳои калонҳаҷм босамар идома дорад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе боз ду созишномаи дигар оид ба ҷудо намудани қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ба Тоҷикистон барои бунёди марҳилаи дуюми навсозии роҳи Душанбе - Хоруғ - Кулма ва хати 220 киловолтаи барқии Хуҷанд - Айнӣ ба имзо мерасад.
Изҳори боварӣ шуд, ки Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сармоягузории дигар лоиҳаҳои судбахши Тоҷикистон низ доир ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо ва нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, азхуднамоии канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва ғайра иштироки фаъол хоҳад дошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2018