мулоқотҳо
Сӯҳбати самимонаи Эмомалӣ Раҳмон бо Роза Отунбоева
Бегоҳии 25 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки интихоботи порлумонии Қирғизистон дар фазои орому осудаи сиёсӣ баргузор гашт, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: - «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори оромию субот дар Қирғизистони ҳамсоя буд ва мемонад».
Роза Отунбоева ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили хуб ва дар сатҳи хеле баланд барпо намудани ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва муҳайё кардани шароити мусоид барои баррасии масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори сипос намуд.
Ба сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва заминаи мусоиди қарордодӣ-ҳуқуқии он баҳои баланд дода, сарони ду давлат таъкид бар он доштанд, ки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб бояд барои истифодаи босамар аз имкону захираҳои фаровон ҷаҳду талош намоянд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи ба ҳам мувофиқ доранд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1966