мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вен Ҷибао
25 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вен Ҷибаоро, ки ҳамчунин бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба ва босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
«Ҷумҳурии Мардумии Чин – ҳамсояи наздик, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мост», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: «Таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона бо давлати Чин аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд».
Вен Ҷибао дар навбати худ изҳор дошт: «Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таҳкими истиқлоли давлатии кишвар ва рушди иқтисодиёти он равона гаштаанд, дастгирӣ менамояд».
Аз мӯҳтаво ва суръати рушди муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ, ки «ҳамоҳанг бо талаби замон ва дорои дурнамои умедбахш барои густариши минбаъда» арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз афзоиши бемайлони ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар низ қаноатмандӣ зоҳир шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои сармоягузории лоиҳаҳои стратегӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ доранд, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки чунин ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави зербиноӣ идома хоҳад ёфт.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1982