мулоқотҳо
Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Эрон ҳамарӯза ба вуқӯъ меояд
24 ноябри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва технологӣ зоҳир шуд.
Ҳамкории бунёдӣ дар арсаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, ҳамлу нақли транзитӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир аз ҷанбаҳои муҳимтарини муносибатҳои Тоҷикистону Эрон маънидод гардид.
Ба иттилои Муҳаммадризо Раҳимӣ, роҳбарияти Эрон тасмим гирифтааст, ки барои густариши ҳамкории бунёдии иқтисодӣ ва техникию технологӣ бо Тоҷикистон тамоми имконоти беш аз 6 ҳазор корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои илмию технологии вилояти Хуросони он кишварро ҷалб намояд.
Тасмим гирифта шуд, ки барои ҳарчи зудтар ва босамар татбиқ намудани тамоми тавофуқоте, ки миёни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ, ба даст омадаанд, тадбирҳои судбахш амалӣ карда шаванд.
Қарор шуд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар ҳамарӯза ба роҳ монда шавад, зеро 4 парвоз дар як ҳафта, ки имрӯзҳо амалӣ мегардад, нокифоя аст.
Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки робитаҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла барои омодасозии кадрҳои баландпояи мавриди ниёз, пеш аз ҳама мутахассисони муҳандисӣ - техникӣ ва табибони ҷарроҳ густариш ёбанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1952