мулоқотҳо
Гуфтугӯ доир ба таҳкими ҳифзи сарҳади
Тоҷикистону Афғонистон сурат гирифт
24 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандиволро, ки баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.
Аз пайвастагии робитаҳо миёни сатҳу зинаҳои гуногуни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ қаноатмандӣ изҳор гашт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми зербиноӣ доир ба бунёди хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингард, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва боло бурдани қудрати транзитии Тоҷикистону Афғонистон зоҳир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2013