мулоқотҳо
Фонди муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъол мегардад
24 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро, ки бо сафари расмӣ ва баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон, пеш аз ҳама мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва техникию технологӣ, баррасӣ шуданд.
Бо ёдоварӣ аз комёбиҳои Қазоқистон дар дохил ва хориҷи кишвар ва аз мақоми хоси ин давлат дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуд. Зикр гардид, ки дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар ба беш аз 240 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Аз мӯҳтавои муносиботи сиёсии миёни ду кишвар, аз ҷумла равобити сатҳи олӣ ва робитаҳои судманди иҷтимоию фарҳангӣ, илмию техникӣ, бонкӣ, гумрукӣ ва ғайра низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон бо ин фаъол намудани Фонди муштараки Тоҷикистону Қазоқистон, ки бо сармояи 100 миллион доллари амрикоӣ мувофиқат барои таъсисаш соли 2008 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон миёни сарони ду давлат ба даст омада буд, зарур шумурда шуд. Фаъолияти бештари Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, ки низ пас аз ҳамон сафар миёни ду кишвар таъсис ёфта буд, матлуб дониста шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар самтҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, истифодаи босамари захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1927