мулоқотҳо
Ҳар ду ҷониб ба татбиқи лоиҳаи КАСА манфиатдор аст
24 ноябри соли 2010, нимаи дуюми рӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони воломақом, ки барои иштирок дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, идома ёфт.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Ризо Гелониро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
«Мо шодем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон имрӯз дар авҷи густариши худ қарор доранд», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Юсуф Ризо Гелонӣ низ аз густариши бесобиқа пайдо намудани равобиту ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон изҳори хушнудӣ намуд.
Чунонки таъкид гардид, ба фаъолият шурӯъ намудани шоҳпули мошингарди Панҷи Поён, кушода шудани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбею Исломобод ва пайдо шудани дигар имконоти нави ҳамкорӣ барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид ба миён овардаанд.
Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб ба татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000 оид ба кашидани хати 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон таъкид гашт.
Бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва робитаҳои илмию техникӣ дорои суди муштарак маънидод гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1947