logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", 28 ноябри соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз, 28-уми ноябри соли 2010 дар таърихи давлатдории навини мо ҳамчун рӯйдоди фараҳбахшу муҳим, яъне бастани маҷрои дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" сабт мегардад, ки, бешубҳа, идомаи мантиқии раванди созандагиву ободонии Ватани азизамон, инчунин гувоҳи равшани таҳкими суннатҳои дерини ҳамкорӣ ва дӯстиву бародарии Тоҷикистону Эрон мебошад. 
Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва кулли онҳоеро, ки дар ин иншооти азим заҳмат мекашанд, аз ҷумла бародарони эрониамонро самимона табрик мегӯям.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои судманди кишварҳои мо дар риштаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ сол ба сол қавитару мустаҳкам мегарданд. Бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим гувоҳи он мебошад, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва таъмини мардуми мо бо нерӯи барқ нақши муассир хоҳад бозид.
Хурсандибахш аст, ки то имрӯз дар иншооти асосиву ёрирасони нерӯгоҳ аллакай 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, васлу насби таҷҳизоти гидромеханикӣ босуръат идома дорад. Ҳоло дар майдони сохтмони ин иншооти муҳим беш аз ҳазор нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла лоиҳакашону муҳандисон ва бинокорони ду кишвари бо ҳам дӯст шабу рӯз фаъолият доранд ва фидокорона заҳмат мекашанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти стратегӣ фаъолона саҳм гузошта истодаанд, арзи сипос менамоям.
Бояд зикр кард, ки то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин нерӯгоҳ як қадами дигар мондааст ва дар сурати ба истифода додани он истеҳсоли солонаи барқро дар Тоҷикистон боз як миллиард киловатт-соат зиёд мегардонад ва барои таъмини кишвар дар давраи тирамоҳу зимистон нақши намоён мебозад.
Аз ибтидои сохтмони нерӯгоҳ то ба имрӯз бо сарфи беш аз як миллиард сомонӣ (баробар ба 225 миллион доллари амрикоӣ) сармояи муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳукумати Тоҷикистон як силсила корҳои асосӣ ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, корҳои бетонрезӣ, оҳану бетонӣ, озмоишиву лоиҳакашӣ, пармагариву корҳои таркишӣ, васлу насби дарвозаҳои вурудиву хуруҷӣ, ки барои бунёди сарбанд пешбинӣ шудаанд, анҷом ёфтанд ва як қисми дигари корҳо дар арафаи анҷомёбӣ  қарор доранд.
Тавре ки ҳозирини мӯҳтарам ва ҳамватанони азизи мо медонанд, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои бузургу миёна ҳоло дар қаламрави кишвар садҳо нерӯгоҳи иқтидорашон хурд низ сохта, ба истифода супурда шуданд, ки дар натиҷа таъмини аҳолӣ бо барқ рӯз ба рӯз беҳтар шуда истодааст. Илова бар ин, таъмиру таҷдиди як қатор нерӯгоҳҳои мавҷуда амалӣ шуда истодааст, ки ин ҳама метавонад боиси афзудани иқтидори онҳо ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ гардад.
Мувофиқи нақшаи қабулкардаи ҳукумат сохтмони боз даҳҳо нерӯгоҳи хурду миёна пешбинӣ шудааст ва мо ният дорем, ки барои бунёд намудани онҳо аз маҳорату таҷриба ва иштироки фаъолонаи шумо-бунёдкорони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба таври васеъ истифода намоем. 
Танқисиву азияте, ки чандин сол инҷониб мардуми Тоҷикистон аз норасоии барқ дар давраи тирамоҳу зимистон мекашанд, ҳар кадоми моро вазифадор месозад, ки барои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти мавҷуда саъю талош намоем. Аз ҷониби дигар, торафт кам шудани захираҳои сӯзишворӣ, болоравии арзиши нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ ва афзоиши рӯзафзуни талабот ба нерӯи барқ, дар навбати аввал нерӯи барқи обӣ моро водор менамояд, ки соҳаи энергетикаи обиро беш аз пеш рушду густариш бахшем.
Дар баробари ин, Тоҷикистон яке аз махзанҳои асосии пиряху обҳои соф буда, дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва дар баробари дигар халқҳои минтақа мо ҳам ҳуқуқи истифода аз ин сарвати табииро дорем.
Тибқи аслҳои устувор ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар садҳо асноди табиати байналхалқӣ дошта дарҷ шудааст ва аз амалияи дар ҷаҳони имрӯза  ҷойдошта низ возеҳ аст, сарватҳои табиии дар қаламрави ҳар кишвар мавҷудбуда, қабл аз ҳама, насиби ҳамон халқу миллат  ва мардуми соҳибихтиёраш аст.
Бори дигар таъкид месозам, ки ин ҳаққи ҳалоли мардуми Тоҷикистон аст ва он ба муҳити зисти минтақа  ва тавозуни захираҳои обӣ умуман таъсири манфӣ намерасонад, баръакс рушди соҳаи нерӯи барқи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.  Илова бар ин, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва ҳангоми норасоии шадиди об василаи беҳтарини танзими манобеи обу энергетика мебошад.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар силсилаи нерӯгоҳҳои дарёи Вахш иншооти панҷум буда, ба андешаи мутахассисон мавқеи ҷойгиршавии он аз нигоҳи техникиву лоиҳакашӣ ва иқтисодӣ бисёр муносиб интихоб гардидааст ва ҳамчун нерӯгоҳи пойгоҳӣ, яъне аз ҳисоби захираи оби нерӯгоҳҳои "Бойғозӣ" ва "Сангтӯда-1" кор мекунад, ки ба кам шудани оби Амударё таъсир намерасонад.
Чунон ки ҳамаи шумо медонед, аз охири моҳи октябр дар қаламрави мамлакат дар як шабонарӯз 10 соат барқ дода мешавад,  яъне дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам норасоии барқ вуҷуд дорад ва ин вазъ ҳамаи моро водор месозад, ки корро дар иншооти оғозкардаамон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо вусъат бахшем ва тамоми чораҳоро андешем, ки мушкилоти танқисии барқро тадриҷан ҳал карда, қадам ба қадам  ба таъмини  яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ, яъне истиқлолияти энергетикии мамлакатамон наздик шавем.
Дар ин роҳ мардуми шарифи Тоҷикистон низ бояд фаъол ва саҳмгузор бошанд, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқро таъмин намоянд, ки таъмини беҳтар бо нерӯи барқ аз сарфаҷӯӣ ва муносибати эҳтиёткорона ва истифодаи оқилонаи ҳар як киловатт-соат қувваи барқ ба ҳар як хонавода вобаста мебошад.
Мардуми мо, аллакай, манфиати сарфаҷӯӣ ва гузариш ба лампаву таҷҳизоти каммасрафи барқиро дар рӯзгори худ дида истодаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ин кори неку савоб ба одати доимии ҳар як оила табдил ёбад.
Ман ба ҳар кадоми шумо-бинокорону мутахассисон ва муҳандисону лоиҳакашони мӯҳтарам муроҷиат карда, хотиррасон месозам, ки мардум ба истифода супурдани Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2"-ро бесаброна интизоранд. Шумо худатон аз мушкилоти кишвари мо хуб огоҳ ҳастед ва бинобар ин аз шумо хоҳиш менамоям, ки барои ҳарчи зудтар сохта, ба истифода супурдани ин нерӯгоҳ тамоми қуввату имконият ва донишу таҷрибаатонро сафарбар намоед.
Умедворем, ки ин иншооти муҳим то ҷашни бузурги миллиамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодаи баҳрабардорӣ мегардад. Ин кори мардонаву фидокоронаи шумо ба ҷашни муқаддаси миллии мо тӯҳфаи арзанда хоҳад шуд.
Барои амалӣ гардидани ин нияти нек ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.
Пирӯзу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3030
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед