суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми рушди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 3 декабри соли 2010
Мӯҳтарам аъзои Шӯро!
Ҳозирин ва меҳмонони гиромӣ!
Ҳамаи шуморо барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд ва Форуми рушди Тоҷикистон, ки баррасии яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти кишвар - татбиқи афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қадамҳои ояндаро дар ин самт фаро мегирад, хайрамақдам мегӯям.
Итминон дорам, ки ҷаласаи мазкур тамоми паҳлӯҳои масъалаи ба рӯзнома пешниҳодшударо таҳлил намуда, ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдор замина хоҳад гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки рушди иқтисодии мамлакат ва таъмини сатҳу сифати арзандаи зиндагии мардум маҳз ба татбиқи самараноку саривақтии афзалиятҳои миллии дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида вобаста буда, бо дарназардошти дурнамои дарозмӯҳлат ва тибқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола тавассути стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Тавре ки маълум аст, хусусияти асосии марҳалаи ҳозираи рушд дар он аст, ки мо ба ҳадди муайяни афзоиши миқдорӣ ноил гардидем ва ҳоло бояд давраи сифатан нави рушд оғоз ёбад.
Чунин таҳаввул муносибати комилан нави консептуалиро ба масъалаи рушд талаб менамояд, ки зимни он манфиатҳои наслҳои имрӯзаву оянда ба инобат гирифта шаванд.
Дар ин росто, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ дар заминаи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола Стратегияи миллии рушдро таҳия ва қабул намуд, ки дар он афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
Аз ҷумла:
ислоҳоти идоракунии давлатӣ ба хотири ташаккул додани низоми рушди миллӣ, таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ, мубориза бар зидди коррупсия ва фароҳам овардани шароити мусоиди макроиқтисодӣ, муҳити институтсионалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ барои рушд;
рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо барои мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ ва диверсификатсияи иқтисодиёт тавассути рушди бахши хусусӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок;
рушди нерӯи инсонӣ тавассути дастрас гардонидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат, беҳтар намудани сифати онҳо, фаъол гардонидани иштироки аҳолӣ ба раванди рушд ва таҳкими шарикии иҷтимоӣ.
Татбиқи самтҳои зикршуда, асоси рушди иқтисоди миллӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишварро таъмин хоҳад намуд.
Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллат дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурифтихор ва ҳамзамон басо пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлату давлатдории нави ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқ ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистонро гузошт.
Дар давоми солҳои истиқлолият мо як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навини кишварамонро бартараф намуда, таҳкурсии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем, ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоиро оғоз кардем, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем.
Махсус бояд таъкид намоям, ки бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии халқи мо таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар натиҷаи раҳнамоии мардум ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги деринаи халқи тоҷик, суннату ойинҳои давлату давлатдории мустақилонаи он, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба мероси гузаштагонамон муяссар гардид.
Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии худро дар асоси принсипҳои ҳамшарикӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқ менамояд ва пайваста барои устувор гардидани муносибатҳои мутақобилан муфиди иқтисодӣ дар минтақа ва дар сатҳи байналмилалӣ талош дорад.
Дар амал татбиқ гаштани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва барномаҳои соҳавӣ имконият фароҳам овард, ки рушди бонизоми иқтисоди миллӣ идома ёбад ва раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои ҳукумат ҷиҳати беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад.
Бояд гуфт, ки маротибаи охир Форуми рушд соли 2007 баъд аз қабули Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 доир гардида буд ва таи ин солҳо Ҳукумати Тоҷикистон кӯшишу талош намуд, ки бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои берунӣ суботи иқтисодиро нигоҳ дошта, ислоҳотро дар тамоми самтҳои иқтисоди миллӣ таъмин намояд. Аз ҷумла, раванди ислоҳот дар ҳамаи қисмҳои таркибии иқтисодиёт суръати тоза гирифта, дар бахшҳои алоҳидаи он дигаргуниҳо дар сатҳи сифатан нав татбиқ гардиданд.
Инчунин ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат садҳо километр роҳҳо ва нақбҳои мошингард ба истифода дода шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ба сӯи давлатҳои ҳамсоя суръати тоза гирифт. Илова ба ин, ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон дар асоси сохтмони як қатор нерӯгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ густариш бахшида шуд.
Дар ин замина қобили зикр аст, ки мо ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ эълон намуда, дар роҳи татбиқи он ба рушди тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, яъне истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, бахусус заминҳои обӣ таваҷҷӯҳ ва афзалияти хоса медиҳем.
Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон мо солҳои охир афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиро зиёд карда, дар роҳи ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодаем.
Сарфи назар аз таъсири омилҳои мухталиф, таи солҳои охир иқтисодиёти кишвар тамоюли рушд дошт, ки таъмини суботи макроиқтисодӣ исботи он аст. ҳарчанд ки соли 2009 бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба шиддати ниҳоят расида, иқтисодиёти аксар давлатҳо ба коҳиши ҷиддӣ дучор гардид, вале рушди иқтисодиёти мамлакат тамоюли мусбати худро нигоҳ дошт.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти воқеӣ дар давоми чор соли охир (аз соли 2007) 28 фоиз афзоиш ёфта, афзоиши миёнасолонаи он 6,4 фоизро ташкил намуд. Соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар муқоиса бо соли 2007 тақрибан 4 маротиба паст гардид.
Дар масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ низ ба дастовардҳои муайян ноил гардидем, ки ин пеш аз ҳама ба самти иҷтимоӣ доштани хароҷоти буҷети давлатӣ вобаста аст. Дар зарфи чор соли охир маоши номиналӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати воқеӣ бошад, тақрибан 1,8 баробар афзоиш ёфт.
Барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил гардидан ба сатҳи устувори макроиқтисодӣ имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 72 фоизи соли 2003 то 47 фоизи соли 2009 коҳиш ёбад ва дар назар аст, ки тамоюли коҳиши камбизоатӣ солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт ва ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 41 фоиз расонида шавад.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда Тоҷикистон ҳоло ҳам дар ибтидои марҳалаи нави тараққиёт қарор дорад, ки хусусияти асосии ин марҳала ба воситаи ташаккули иқтисоди бозории муосир ва қобили рақобат дар устувор гардонидани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар зоҳир мегардад.
Таъкид бояд кард, ки низоми ноустувори молиявии ҷаҳонӣ, ки ҳам ба бозори молиявӣ ва ҳам ба бахши воқеии иқтисодиёт таъсир мерасонад, кишварҳои рӯ ба инкишофро хеле осебпазир намуда, дар онҳо кам шудани воридоти сармоя ва суст гардидани суръати рушди иқтисодӣ ва даромадҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар робита ба ин, мо итминон дорем, ки давлатҳои тараққикарда ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирии давлатҳои рӯ ба инкишоф иқдомоти зарурии сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодиро амалӣ хоҳанд кард, то ин ки сатҳи зиндагии аҳолии ин кишварҳо дар самти мӯътадил нигоҳ дошта шавад.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар Стратегияи миллии рушд, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бармеояд, вазифаҳои худро доир ба ноил гардидан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ ва ду маротиба паст кардани нишондиҳандаҳои сатҳи камбизоатӣ муайян кардааст.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ӯҳдадориҳои худ дар назди мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати ислоҳоти иқтисодиро амалӣ намуда истодааст, ки самтҳои асосии дар Стратегияи миллии рушд, Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва дигар асноди байналмилалӣ муайяншударо пайгирӣ менамояд.
Бояд хотирнишон кард, ки бе мусоидат ва кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бидуни татбиқи принсипҳои сифатан нав ва таҳкими ҳамшарикӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар маҷмӯъ, бе ҳамгироии минбаъда ва иштирок дар фаъолияти ниҳодҳои асосии байналмилалӣ татбиқи ин вазифаҳо на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳои минтақа низ мушкил мебошад.
Чунон ки ба ҳамагон маълум аст, моҳи сентябри соли равон чорабинии муҳими байналмилалӣ, яъне ҳамоиши Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Созмони Милали Муттаҳид доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш оид ба дастовардҳои хеш дар мавриди ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳисобот манзур намуд ва дар самти гузариш ба рушди устувор, ҳамзамон ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти дорои хусусияти дарозмуддат, аз ҷумла та?йирёбии иқлим, ҳифзи гуногуннавъии биологӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи об як силсила пешниҳодоти созандаи худро иброз дошт.
Ҳамчунин оид ба ҳаллу фасли ихтилофот дар бобати идораи захираҳои оби тоза бо роҳи истифодаи воситаҳои дипломатӣ, гузариши саросарӣ ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани миқдори партовҳои зарарнок ба ҳаво ва дар ин замина дастгирӣ ва ҳавасмандсозии нақшаҳо ва барномаҳое, ки ҳиссаи навъҳои энергияи барқароршавандаро дар миқёси ҷаҳонӣ бештар месозанд, тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардида, оид ба масоили афзун гардонидани самараи таъминоти энергия, истифодаи сарфакоронаи он ва истифодаи технологияҳои наву пешқадам дар ин самт ибрози назар карда шуд.
Бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, ки соли сипаригардида иқтисодиёти тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, ҷараёни ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо барои Тоҷикистон низ мушкил гардонид. Гузашта аз ин, дар фазои муносибатҳои иқтисодии минтақавию ҷаҳонӣ падидаҳое арзи вуҷуд карда истодаанд, ки ҳамчун омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф таъсири манфӣ доранд ва дар роҳи рушди иқтисодиёти ин кишварҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд. Аз таъсири чунин омилҳои беруна татбиқи афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ халалдор гардидааст.
Мехостем аз шарикони рушд даъват ба амал орем, ки дар мавриди ҳаллу фасли масъалаҳои дар муносибатҳои иқтисодии минтақавию ҷаҳонӣ бавуҷудомада тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шаванд. Аз ҷумла, пешгирӣ ва бартараф намудани бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ, ки бештар замина ва хусусиятҳои сунъӣ доранд, то ба ҳадди ақал коҳиш додани тафовут миёни суръати инкишофи иқтисодии кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф, яъне таъмини мусоидати бештар ба кишварҳои рӯ ба инкишоф аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани чораҳои мушаххасро тақозо мекунанд.
Сарфи назар аз монеаву мушкилоти мавҷуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад, то ки ҳадафҳо ва афзалиятҳои муайянгардида сари вақт, босифат ва дар доираи аслҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии мутақобилан судманд таъмин карда шаванд.
Меҳмонони гиромӣ!
Яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамкорӣ ва мусоидати фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи нақшаю барномаҳои рушди миллӣ мебошад. Стратегияи муштараки ҳамкорӣ, ки айни ҳол татбиқ гардида истодааст, бояд дар рушди ҳамкории миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати ташаккули ҳамкории самарабахш барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ва коҳиши камбизоатӣ мусоидат намояд.
Дар ҷараёни вохӯрии имрӯза масъалаи мусоидат ба рушди саросарӣ дар рӯҳияи ҳамкории глобалӣ дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор дорад. Бинобар ин, мо чунин меҳисобем, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ бояд дорои имконияти таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди иқтисодӣ буда, ҳамчунин дар идоракунии онҳо саҳми босазо дошта бошанд.
Муайян гардидани воситаҳои иловагии берунӣ барои рушд набояд бори сангини қарзи мамлакатҳои рӯ ба инкишофро боз ҳам вазнинтар созад, зеро бе ин ҳам шароити молиявии аксари онҳо бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ниҳоят мураккаб гардидааст.
Дар ин бобат ҳамшарикии глобалиро барои ба вуҷуд овардани фазое тақвият бахшидан зарур аст, ки он ба рушди устувори иқтисодӣ ва тавсеаи имкониятҳои шуғли аҳолӣ мусоидат намояд. Пеш аз ҳама, тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузориро густариш бахшидан лозим аст, чунки онҳо шарти асосии рушди истеҳсолот мебошанд. Ин омил хусусан барои кишварҳое ҳаётан муҳим мебошад, ки ба баҳрҳо роҳи баромад надоранд ва бо ҳамин сабаб иштироки онҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ аз сабаби мавқеи ҷуғрофиашон ва монеаҳои дар роҳи тавсеаи равобити тиҷоратии онҳо мавҷуда мушкил гардидааст. Ҳамаи ин, дар навбати худ ба пешрафти истеҳсолот ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар ин мамлакатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Мо бояд ҷидду ҷаҳди худро ба бунёди шабакаҳо ва роҳҳои нави байналхалқии нақлиётӣ ва истифодаи самарабахши шабакаву роҳҳои мавҷуда мутамарказ намоем, ки ин иқдом метавонад ба фаъолтар гардонидани ширкати ин гурӯҳи кишварҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Ба ақидаи мо, низоми тиҷорати байналмилалӣ, хусусан дар давраи бӯҳронҳо бояд кушодаву самимона, одилона, пешгӯишаванда ва озод аз маҳдудиятҳо бошад ва дар заминаи қоидаҳои мувофиқашуда амал намояд.
Қобили тазаккур аст, ки саҳми шарикони рушд дар татбиқи ин раванд хеле муҳим мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон саҳми назарраси шарикони рушдро дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва умуман рушди иқтисоди миллии кишвар эътироф менамояд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад, ки ҷиҳати татбиқи ҳарчи самараноктари сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ муносибатҳои ҳамшарикӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд.
Силсилаи вазифаҳои дарозмуддати дар назди мо гузошташуда дарки амиқ ва дақиқи амалӣ сохтани тадбирҳои ҷомеаи ҷаҳонро дар роҳи гузариш ба рушди устувор талаб менамояд.
Мо итминони комил дорем, ки вохӯрии имрӯза дар ин самт саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш хоҳад кард, ки ҳамкориро бо шарикони рушд дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
Мо умедвор ҳастем, ки Форуми рушд ҳамчун идомабахши ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд тамоми паҳлуҳои сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ, ҷараёни татбиқи афзалиятҳои миллии кишвар ва мушкилоти мавҷударо дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ намуда, ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷараёни ислоҳот ва таъмини рушди иқтисодӣ тавсияҳои амалӣ таҳия месозад. Нақшаи чорабиниҳое, ки дар асоси машварату муҳокимаҳо таҳия мешавад, барои татбиқи самараноки тадбирҳои дар Стратегияи миллии рушд муайяншуда механизми мукаммале хоҳад гардид.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3230