мулоқотҳо
Таҷрибаи Тоҷикистон барои кишварҳои минтақа ибратбахш мебошад
30 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷрокунандаи раёсати Созмони Милали Муттаҳид доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.
Аз фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии молию техникии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст ва аз кори босамари дигар сохторҳои кишвари мо дар мубориза бо ин вабои аср изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ба гуфти Юрий Федотов, «Тоҷикистон дар воқеъ дорои мутахассисони корозмудаи ин соҳа аст ва таҷрибаи ҳамкорие, ки он бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ба роҳ мондааст, барои ҳамаи кишварҳои минтақа ибратбахш мебошад».
Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкории босамар дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла бевосита дар Афғонистон, ки яке аз манбаъҳои асосии ин маводи марговар дар ҷаҳон аст, таъкид намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1935