мулоқотҳо
Вохӯрии Сардори давлат бо ноиби президенти Бонки осиёии рушд
3 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сяоу Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар солҳои ҳамшарикӣ Бонки осиёии рушд 372 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок, 35 миллион кӯмаки техникӣ ва 284 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо намудааст. Тибқи стратегияи нави шарикии панҷсолаи Бонки осиёии рушд бо Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2010 қабул шуд, дар 3 соли аввали он ба кишвари мо 252 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад, ки аксари онро грантҳо ташкил медиҳанд. Ин маблағҳо ба татбиқи лоиҳаҳо дар сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳану мошингард, таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди бахши хусусию ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд. Танҳо дар соли 2011 бояд 165 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шавад.
Сяоу Жао аз пешрафтҳои Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии Бонки осиёии рушдро ба идома ва густариши минбаъдаи шарикӣ бо кишвари мо таъкид намуд.
Ҳар ду ҷониб таъкид бар он дошт, ки ба ҳамкорӣ дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту роҳсозӣ бо фарогирии Афғонистону Покистон бояд афзалият дода шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2006