мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рашид Нургалиев
6 декабри соли 2010 Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Рашид Нургалиевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, омодасозии кадрҳо ва расондани кӯмакҳои техникӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ҳамкории босамари дуҷониба ва бисёрҷониба доранд.
Изҳори боварӣ шуд, ки машварати навбатии дуҷонибаи роҳбарияти сохторҳои корҳои дохилии ду кишвар, ки ҳадафи ташрифи вазири корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон аст, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад.
Рашид Нургалиев, вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки масъалаи тайёр кардани кадрҳои варзидаи соҳа дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия омода аст, барои ҷузъу томҳои ВКД Тоҷикистон таҷҳизот ва техникаи зарурӣ интиқол диҳад. -Мо дар давоми соли гузашта ва нӯҳ моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 1500 намуди техникаи ҳозиразамон фиристодем, - гуфт ӯ.
Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳамзамон тазаккур дод, ки вақтҳои наздик гурӯҳи мутахассисони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Русия сафари корӣ анҷом хоҳанд дод. Онҳо бо ҳамтоёни худ масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро матраҳ хоҳанд кард.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2022