президент
Кадрҳо ба вазифаҳои масъул таъин шуданд
3 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои мақомоти корҳои дохилиро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат барои таъини кадрҳои роҳбарӣ дар раёсату шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат мувофиқат ҳосил шуд, аз ҷумла доир ба сардори Раёсати навташкили корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт таъин кардани Мустафоқул Рустамов ва муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъин шудани Ҳотамҷон Додобоев.
Ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии як қатор шаҳру ноҳияи тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иваз карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз талаботи давлату ҳукумат доир ба таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои вазнину муташаккил ва вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ёдовар шуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбӣ ва ба ҳушёрию зиракӣ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3585