маориф
Аввал таълим баъд тарбия ва ё баръакс?
Андешаҳо дар атрофи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мактаб муҳимтарин макони иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Тафовути он аз дигар макони иҷтимоӣ дар он аст, ки дигар макони иҷтимоӣ барои ҳаёти имрӯзаи ҷомеа хидмат кунанд, мактаб бояд бо назардошти рушд ва тараққии ояндаи он хизмат намояд. Ояндаи ҷомеа ба он алоқамандӣ дорад, ки имрӯз мактаб дар кадом сатҳ ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад. Аз ин рӯ, фаъолияти онро аз рӯи талабот ва меъёрҳое, ки ормонҳои ояндаи ҷомеаро ташкил мекунад, ба роҳ мондан лозим аст.
Ҳоло мактаби мо аз иҷрои ин рисолат баромада истодааст? Мактаб қодир аст, ки имрӯз ҷомеаро аз қафои худ ба сӯи қуллаҳои мурод бубарад? Баъзан таҷрибаҳо аз фаъолияти олимони маъруфи педагогика гувоҳи онанд, ки новобаста аз шароити иҷтимоӣ ва вазъи моддӣ, омӯзгор ва сарвари содиқу ғамхори мактаб қодир аст, ки наврасонро бо таҳсилоти босамар ва муассиссаро ба шароити мусоиди таълим таъмин намояд. Дар ин хусус таҷрибаи ҷаҳонии кори А. Макаренко (1888-1939)-ро ёдрас гардидан ба маврид аст.
Барои он ки таълиму тарбия дар таълимгоҳи ӯ натиҷаи хуб диҳад, А. Макаренко худ онҳоро дар рӯҳияи ақидаҳои ормонӣ ва ояндаи дурахшону умедбахш тарбия мекард. Ҳамон ақидаҳои ормонӣ ва ояндаи дурахшону умедбахше, ки худи ӯ тасаввур менамуд. Ба ёд биёрем: он вақт ҷанги ҷаҳонӣ ва шаҳрвандӣ мерафт ва давлат имконоти дастгирии моддию молиявии мактабро надошт. Низоми давлатдорӣ дида намешуд. Атрофу акнофи мактаби ӯро аҳолии бесавод ва сатҳи маърифаташон паст фаро гирифта, бенизомӣ ва бесарусомонӣ барои онҳо аҳамияте надошт. Лекин дар дохили таълимгоҳи ӯ хуррамӣ, гул-гулшукуфоӣ, ободию созандагӣ таъмин буд. Маърифат, фарҳанг ва завқи баланду воло фаъолияти ин таълимгоҳро идора мекард. Бо иқдомоти ӯ истеҳсолоти муосир ва таъмини пурраи ҳамаи навъи маводи таълим ҳамеша мавҷуд буд.
А. Макаренко навиштааст: «Ман ҷонибдори тарбияи фаъол ҳастам, хислату сифатҳои муайяни шахсро тарбия мекунам, кулли нерӯ ва зеҳнамро барои ба ҳадаф расидан равона месозам. Ман бояд воситае дарёбам, ки ба ҳадаф ноил гардам ва ҳамеша бояд маром, намунаи ибрат ва ормонеро, ки барои он саъй дорам, бубинам».
Имрӯз мактабҳои типи нав ба мисли гимназия, литсей, коллеҷҳо ва ғайра арзи вуҷуд карданд. Мактабҳои хусусӣ, кооперативӣ ба миён омаданд. Ҷӯйиши шаклию самарабахши ташкили мактабҳо сурат мебандад. Аммо ҳақиқати воқеии таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳатто дар шароити мураккаби муосир набояд мунтазир бошем, ки бе заҳмат кори таълиму тарбия худ аз худ рӯ ба беҳбудӣ мениҳаду ба тарбия ва ба воя расондани шаҳрвандони сазовори давру замон ноил гардида метавонем.
Илми психопедагогикаи миллӣ бояд дар асоси зарурати ислоҳоти мактаб бунёди мактабҳои типи навро таҳия намояд. Бунёди фаъолияти мактаби муосирро бояд арзишҳои миллии мо ташкил диҳанд.
Сохтори рисолати мактаб мураккаб аст. Омӯзгор дар рафти фаъолияташ на танҳо ба як масъалаи ҷузъии алоҳида, балки ба маҷмӯи масъалаҳои таълиму тарбия сарукор мегирад. Мактаб низ на як мақсади алоҳидаро, балки маҷмӯи ҳадафҳои гуногунро амалӣ месозад. Ин ҳадафҳо аз рӯи тартиби муайян сурат мегиранд. Дар баробари ин интихоби ҳадафҳои асосӣ, тарзу усулҳои фаъолияти омӯзгорон ва тамоми мактаб дар маҷмӯъ воситаҳои ба он ноил шуданро муайян мекунанд.
Табиист, ки ҷараёни ҳаёт ва амалия каме дигар хел сурат мегирад. Назарияи педагогика ва асноди меъёрию ҳуқуқӣ ба тарзи расмӣ интишор ва ба тасвиб мерасанд. Дар маҳал ва мактабҳо он дар сатҳи фаҳми масъулон дар зинаҳои гуногун амалӣ мегарданд. Дар ин сурат сатҳи амалӣ шудани талаботи педагогӣ ва асноди меъёрию ҳуқуқӣ ба таври гуногун ҷараён меёбад.
Ҳар як муаллим фаъолияташро ба умеди расонидани таъсири муайян ба хонанда ба роҳ мемонад. Ин таъсирот ба онҳо гоҳо эҳсосшаванда ва гоҳо эҳсоснашавандаанд ва тавассути заҳмати муаллим натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд.
Ҳамин тариқ, кори муассисаҳои таълимӣ ба ду қисм ҷудо мешавад: таълимӣ ва тарбиявӣ. Инҳо ҳамбастагии хеле қавӣ дошта, мактаб маҳз дар заминаи ҳамин ду қисмат бунёд меёбад.
Алҳол кулли ҳадафҳои мактабҳои муосирро ду чизи муҳим ташкил медиҳад:
- хонандагон асосҳои илм ва силсилаи муайяни донишҳоро аз бар намуда, малакаю маҳорат, қобилияти зеҳнӣ, инкишофи ҷисмонию меҳнатӣ, завқу рағбати худро қонеъ карда тавонанд;
-ҳар як хонанда бояд бамаърифат, бафарҳанг, соҳибназар, эҷодкор, дорои завқи баланд тарбия ёбад.
Ҳадафи аввал бештар тамоюли тарбиявӣ дошта, дар мазмуни таълим тавассути амалӣ сохтани тадбирҳои тарбиявию фарҳангӣ ифода мегардад.
Ҳадафи дувум дар раванди таълими фанҳои гуногун, технологияи меҳнат, варзиш, ки дар чорчӯбаи таълим мавҷуданд, амалӣ мешавад.
Ҳамбастагии таълиму тарбия хеле мураккабанд. Онҳо аз ҷиҳати диалектикӣ тавъам буда, ихтилоф низ доранд. Ин ихтилоф қисман дар он тазоҳур меёбад, ки таълим бо мақсади андӯхтани таҷрибаи ниёгон ва ҳамзамон омода сохтани насли ҷавон ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир, мутобиқ сохтани шароити иҷтимоии кунунӣ амалӣ мегардад, ки насли ҷавон ба истеҳсолоти муосир ва ҳастии ҷамъиятӣ пайваст шуда тавонад. Дар робита ба ин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ рӯ ба аҳли илму маориф доир ба самти маориф ва фарҳанги техникӣ 23 декабри соли 2009 фармудаанд: «Мутахассисони замони нав бояд ба беҳтарин дастоварди илми ҷаҳонӣ шинос шаванд, то муваффақ бошанд ва донишҳои андӯхтаашонро барои афзун гардонидани имконоти рушди кишвар равона созанд».
Тарбия ба маънои маҳдудаш ба рушди эҷодии ҷавонон тавре бояд нигаронида шуда бошад, ки дар заминаи воқеият истеҳсолоти ҷамъиятиро бо самтҳои тараққиёбандааш ташаккул дода тавонад.
Биноан таълим тавассути таҳсилот амалӣ гардад ҳам, як қатор омилҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки онҳо бе мактаб ва бе омӯзгор сурат мегиранд. Ин омилҳоеанд, ки раванди соҳибмаълумот шудани кӯдакону наврасонро тақвият мебахшанд. Онҳо аз дастрас сохтани ахбор аз васоити ахбори умум, филмҳо, театр, адабиёти бадеӣ (фарҳангӣ), оила ва муҳити муносибат иборатанд. Дар маҷмӯъ таҳсилот ҳамчун раванди иҷтимоии аз насл ба насл интиқол додан, ё чун раванди фардии андӯхтани таҷрибаи инсоният аст.
Ҳалли масъалаҳои таносуб ва робитаи таълиму тарбия аз ақидаҳои назариявии И.Гербарт (1776-1841) ва хусусан К.Ушинский (1824-1870) маншаъ гирифтаанд. Дар педагогикаи муосир низ робитаи таълиму тарбия масъалаи муҳим арзёбӣ гардида, бештари донишмандон муқаддам таълим ва баъд тарбия ва ё баръакс муқаддам тарбия ва пас таълимро мегузоранд. Лекин қайд кардан муҳим аст, ки на ҳар гуна таълим тарбияро ба маҷрои муайяни дилхоҳ ва самарабахш ба роҳ монда метавонад.
Дар амалия мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ то ҳол мақсади асосиашро дар омӯзондани дониш, малакаю маҳорат мебинад. Ба ин ҷиҳат ҳама фаъолияти омӯзгорон, ба низоми ҳаррӯзаи таълим имтиҳоноти хатм ва гузариш нигаронда шудааст.
Самарабахшии фаъолияти мактаб, омӯзгорони алоҳида ва натиҷаҳои таълими хонандагон дар таҳсили муваффақона, дарки донишҳое, ки аз муаллимон дастрас кардаанд ва татбиқ намуда тавонистани он корҳои амалие, ки ҳангоми дарсҳо гузаронида мешуданд, ифода меёбад. Ҳамаи сифатҳои дигари фардии хонандагон (сатҳи маърифат, фарҳанг, маънавиёт, иқдомоти эҷодӣ) дар ин ҳолат ба эътибор гирифта намешаванд ва ба баҳои ниҳоии хонанда таъсир намерасонанд. Бар замми ин, амалияи педагогӣ ҳадафҳои мактабро бо роҳҳои муттаҳид кардани онҳо ҳаллу фасл намуда, мақсади тарбияи шахсияти хонандагонро дуюмдараҷа ва ёридиҳанда меҳисобад.
Агар то ҳол мактаб дар асоси арзишҳои тарбияи таълимдиҳанда бунёд ёфта бошад, пас онро тавре бояд сохт, ки қоидаи таълими тарбиядиҳанда фаъолият намояд ва хонандаро чун шахсияти комил ба воя расонад, ки ин дар ҷараёни таълим анҷом мепазирад. Таълим дар ин сурат чун восита ва усули тарбияи шахсияти наврасон боқӣ мемонад.
Ҳар як омӯзгор, новобаста аз он ки аз кадом фанни таълимӣ дарс мегӯяд, бояд мураббии шогирдони худ бимонад, то ки худшиносу худогоҳу садоқатманд ва бомуҳаббат ба бунёди ҳаёти осудаҳолона ва дурахшони азизи хеш саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин ӯ инро танҳо на ба он хотир анҷом диҳад, ки мақсади асосии мактабро ташкил медиҳад. Балки барои он анҷом диҳад, ки таҳсили муваффақонаи ҳар як фан дар сатҳи тарбияи шогирдон, талаботи тамоюли замон ба роҳ монда шуда, рушди қобилияти хонанда аз диди назари некбинона таъмин гардад. Айни замон танҳо тавассути тарбия мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбияро ба таври самарабахш метавон амалӣ сохт. Чунки самараи таълим дар таъсирот ба тамоюли ботинӣ ва шавқу рағбат дар фаъолияти воқеии хонанда зоҳир мегардад. Ташаккули чунин фаъолияти хонандаро маҳз тарбия дар ҷараёни таълим ба вуҷуд меорад. Тарбияи самарабахш дар заминаи хусусиятҳои фардӣ ва қобилияти хонанда барои рушди шахсият, ахлоқи ҳамида, худшиносӣ, худогоҳӣ ва худбаҳодиҳии шахсият ифода мегардад.
Чунин мақсад ва вазифаҳои мактабро на танҳо омӯзгор, балки бояд хонанда низ дарк кунад. Омода сохтани худ чун шахсияти комил, дар худ тарбия кардани хислатҳои беҳтарин ва намунаи ибрат будан барои хонандагон вазифаҳои муҳимтарин таълим ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти ин ва талаботи ислоҳоти соҳа дар Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беҳдошти таҳсилот чунин шароитҳо муҳайё карда мешаванд:
-сабук намудани мазмуни таҳсилоти умумӣ;
-истифодаи усулҳои фаъоли таълим;
-баланд бардоштани мақоми фанни тарбияи ҷисмонӣ;
-ташаккули механизми солимгардонии кӯдакон ва ҷавонон;
-беҳтар намудани сифати ғизои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ;
-такмили истифодаи давраҳои таътили зимистона ва тобистонаи хонандагон дар робита бо шароити иқтисодии кишвар;
-баланд бардоштани нақши фанҳои дақиқ, таърих, ҳуқуқ, забони модарӣ, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ барои беҳдошти сатҳи маънавии хонандагон;
-вусъати тоза бахшидан ба фанни технология (таълими меҳнат) дар тарбияи меҳнатдӯстии хонандагон;
-таъмини мактабҳо бо техникаи компютерӣ, пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон;
-муҳайё намудани шароит ҷиҳати касбинтихобкунӣ барои дастгирии психологии ҷавонон, ёрӣ расонидан ба онҳо барои муайян намудани шавқу ҳавас, майлу рағбат ва имконоти азхудкунии касбҳо;
-ташкили нақлиёти хизматрасон барои хонандагону омӯзгорон дар деҳот;
-муҳайё намудани шароит бо мақсади татбиқи барномаҳои таълимии томактабӣ ва ибтидоӣ барои сокинони деҳот;
-таҳияи заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба таъсиси навъҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ;
-ҷорӣ намудани барномаи рушди муҳити ягонаи иттилоотӣ дар низоми таҳсилот;
-рушди таҳсилоти фосилавӣ, экстернӣ;
-дастгирии кӯдакони балаёқат ва баистеъдод аз ҷониби давлат;
-таъсиси низоми санҷиши давлатию ҷамъиятӣ ва назорати сифати китобҳои дарсӣ;
-ташкил намудани озмунҳо миёни муаллифон ба мақсади таҳия ва таълифи маводи басифат ва алтернативии таълимӣ;
Ба ҳамин тариқ, ҳадафи асосии мактабро дар марҳилаи кунунӣ тарбияи шахсияти соҳибмаърифат, бафарҳанг, дорои завқи баланд, созанда, эҷодкор ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ комил ташкил медиҳад.
Муҳаммадалӣ АФҒОНОВ,
директори Пажӯҳишгоҳи
илмҳои педагогӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 11716