мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамиро ба ҳузур пазируфт
13 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Уммон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамиро, ки ба ҳайси фиристодаи Султони Уммон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Уммон баррасӣ шуд.
Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамӣ паёми Султони Уммон Қобус ибни Саидро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, ҳавасмандии давлати худро ба густариши муносибот бо Тоҷикистон таъкид кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шахси сафир ба роҳбарияти давлати Уммон барои бунёди як шаҳраки истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки иборат аз 50 хона, яктоӣ мактаб, шифохона ва масҷид буда, барои аҳолии аз офатҳои табиат зарардида пешбинӣ шудаанд, арзи сипос карда, ин кори накӯро оғози хуше аз ҳамкории минбаъдаи иқтисодию сармоягузории ду кишвар маънидод намуд.
Бинобар вуҷуд надоштани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории иқтисодӣ, тезондани корҳо баҳри таҳия ва пешниҳоди санадҳои дуҷониба, аз ҷумла созишномаҳо дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Уммон, доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва ҳавасмандгардонию ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ зарур шумурда шуданд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму техника, фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳамчунин дар истихроҷи нафту газ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, бастабандӣ ва содироти оби ошомиданӣ дорои дурнамои судбахш арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2175