logo

номаҳо

«Модели кишоварзии бехатар дар Тоҷикистон» дастрас гардид

Чанде пеш асари олими шинохта Нозимҷон Нидоев бо номи «Моде-ли кишоварзии бехатар дар Тоҷикистон» ба табъ расид. Он аз дастовардҳои арзишманд маҳсуб ёфта, дар рушди илми кишоварзии миллӣ мусоидат мекунад.
Муаллиф зимни таҳлилу баррасӣ қайд мекунад, ки рушди иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, дар роҳи таъмини истиқлолияти озуқавори бештар на аз омилҳои беруна, балки аз омилҳои дохилӣ вобаста мебошад. Аз ҳамин хотир, «кишоварзии бехатар» дар сатҳи соҳаи агросаноатӣ ҳамчун як қисми «иқтисоди нави миллӣ» баҳогузорӣ карда мешавад.
Ба андешаи муҳаққиқ мафҳуми нави «кишоварзии бехатар» барои пайдо шудани дигар мафҳумҳои нав, ба мисли «иқтисодиёти нав», «кишоварзии нав» шароиту имконият фароҳам меоварад. Маҳз кишоварзии бехатар ҳамчун омили асосии таъминоти истиқлолияти озуқавории кишвар хизмат менамояд.
Кишоварзии бехатар на танҳо даромади баланд ва доимӣ, балки имконияти дар ҳама фаслҳои сол, дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ва бо ҳама намуди маводи озуқаворӣ таъмин кардани аҳолӣ мебошад. Таъминоти пурраи аҳолӣ бо масолеҳи кишоварзӣ хело мушкил аст ва аз ин рӯ ба кишоварзии бехатар бояд ҳамчун ба ҳунар ва илм муносибат намуд.
Ҳамчун ҳунару анъанаҳои бобоён он бояд тавассути фарзандон идома ёбад. Яъне амал бояд ҳамчун «манифести миллӣ» аз насл ба насл гузарад. Ҳол он ки амалиётҳои кишоварзӣ фақат такрор мешаванд.
Дар шароити муносибатҳои бозорӣ таъмини истиқлолияти озуқаворӣ барои Тоҷикистони дорои қувваи зиёди корӣ мушкилоти аввалиндараҷа ба шумор меравад. Бешак, ворид намудани технологияи муосир дар соҳаи кишоварзӣ ба худтаъминкунии озуқаворӣ баъзе шароиту имкониятҳоро фароҳам меоварад, вале то ҳол ин самт низ кам таҳқиқ ва таҳлил шудааст.
«Аз ин рӯ соҳаи кишоварзӣ сарчашма ва асоси ибтидоии ҳифз ва рушди тамаддуни инсонӣ мебошад», -ба хулоса меояд муҳаққиқ.
Монография аз 4 боб иборат буда, «Асосҳои илмӣ- методологии кишоварзии муосир, «Омилҳои рушди кишоварзии бехатар бо назардошти хусусиятҳои шароити табиии кишвар», «Баҳогузории кишоварзии бехатар ва модели тоҷикии тараққиёти он» ва «Ташкили иқтидори сармоягузорӣ- самти асосии дурнамои рушди кишоварзии бехатар» ном доранд. Муаллиф дар асоси таҳқиқоти илман асоснокшуда бартарии «кишоварзии бехатар»-ро дар ин бобҳо нишон медиҳад. 

А. РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3717
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед