мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Мишарин
Нимаи дуюми рӯзи 14 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон губернатори вилояти Свердлови Федератсияи Русия Александр Мишаринро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Русия баррасӣ шуд.
"Мо бо вилояти Свердлов робитаҳои деринаву устувор дорем ва ба густариши муносиботи судбахш манфиатдорем", - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ба кор шурӯъ намудани корхонаи муштараки Хуҷанд-ЗИЛ-Амур, ки бо саҳмгузории молиявии сохторҳои саноатии вилояти Свердлов бунёд ёфтааст, намунаи хуби ҳамкории иқтисодию сармоягузории дуҷониба маънидод гардид.
Аз нишондодҳои кунунӣ ва дурнамои робитаҳои илмию фарҳангӣ ва маориф, аз ҷумла дар самти омодасозии кадрҳо, хушнудӣ изҳор гашт. Ба таъсиси гурӯҳи муштарак доир ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва вилояти Свердлови Русия аз ҳар ду ҷониб изҳори омодагӣ карда шуд.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, аз ҷумла саноати коркарди нахи пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва дар самти туризм дорои суди зиёд барои ҳар ду ҷониб арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1974