logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарони мамлакат, шаҳри Душанбе, 20 декабри соли 2010

Дӯстони арҷманд!
Варзишгарони мӯҳтарам!

Инсоният дар тӯли таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст, ки ҳамаи онҳо ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд. Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад.
Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Миллати мо низ ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт.
Ниёгони мо барои беҳдошти саломативу нерӯи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзиш, амсоли давидану ҷаҳидан, найзарониву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гӯштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд. Онҳо ҷавононро ба хотири тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони хурдсолӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода месохтанд, ки чунин анъанаи неки ниёгон то замони мо боқӣ мондаанд. Чунончи, Абулқосими Фирдавсӣ дар "Шоҳнома"-и хеш намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонии мардуми ориёиро хеле хуб ба қалам дода, Абӯалӣ ибни Сино усулҳои назариявию амалӣ ва аҳамияти варзишро дар саломатии инсон васеъ талқин мекард. ӯ зикр карда буд, ки агар ҳар фард пайваста ба варзиши бадан машғул шавад ва ба меъёрҳои он риоя намояд, барои истеъмоли дору ягон ниёзе намемонад. Беҳуда нест, ки таърихнигорони соҳаи варзиши ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Синоро яке аз барҷастатарин бунёдгузорони паҳлуҳои назариявӣ ва амалии ин соҳа номидаанд.
Тарғибу ташвиқи варзиш ва иҷрои мураттаби машқҳои ҷисмонӣ дар давраҳои минбаъда низ машғулияти асосии мардум, бахусус ҷавонон гардида, вобаста ба тақозои замон намудҳои нав ба нави он арзи вуҷуд намудаанд. Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамчун омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории натанҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб мешавад. Илова бар ин, варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад. Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст.
Аз касе пӯшида нест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии  онҳо  беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд. Илова бар ин, иштироки бештари варзишгарони мо дар бозиҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ва дастовардҳои шоистаи онҳо дар мусобиқаҳо обрӯю эътибори мамлакати моро баланд бардошта, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории шаҳрвандонро дучанд афзун мегардонад.
Мулоқоти имрӯзаи Роҳбари давлат  бо шумо - варзишгарони кишвар дар чунин ҳайати васеъ бори аввал сурат мегирад, ҳарчанд ки дар давоми чанд соли охир мо бо ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ чандин бор, аз ҷумла дар арафаи  Бозиҳои 29-уми олимпӣ вохӯриҳои судманд доштем. Ҳангоми  ин вохӯриҳо ба хотири рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ андешаву пешниҳодоти ҷолиб иброз гардида буданд. Умедворам, ки дар мулоқоти имрӯза низ табодули назари судманд сурат мегирад ва пешниҳодоти шумо ба рушди минбаъдаи соҳаи варзиш дар мамлакат мусоидат хоҳанд кард.
Солҳои охир варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Хусусан соли ҷорӣ барои варзишгарони мамлакати мо соли бобарор ба ҳисоб меравад.
Имрӯз тамоми мардуми кишвар аз пирӯзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ғолибони мусобиқоти  варзиширо  барои  пирӯзиву  дастовардҳояшон дар соли 2010 табрик гуфта, бовар дорам, ки онҳо азму ирода ва маҳорату таҷрибаи андӯхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш дар байни ҷавонон ва омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои ватаниву сатҳи байналмилалӣ дареғ намедоранд.
Бояд зикр намуд, ки танҳо дар солҳои 2008-2010 зиёда аз дувуним ҳазор варзишгарони тоҷик дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, ба ифтихори дастболо шудани онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон даҳҳо маротиба барафрохта шудааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба солҳои 2005-2007 се баробар зиёд мебошанд.
Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон возеҳ нишон медиҳад, ки  ҳадафҳои соҳаи варзиш зимни қабулу татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бунёду таҷдиди иншооти замонавии варзишӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои тарбиявию тарғиботӣ ба хотири густариши тарзи ҳаёти солим амалӣ мегарданд.
Дар ин росто ҳадафи асосии сиёсати давлати мо ҳам барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила қонуну қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш ҳамаи шароити заруриро фароҳам орад.
Замони шӯравӣ даврони пешрафти оммавии варзиш арзёбӣ гардида, ҷавонон вобаста ба қобилияту истеъдод ва синну сол ба мактабу маҳфилҳои варзишӣ фаро гирифта мешуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки чандин варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ ба унвонҳои олии варзишӣ ноил гардида буданд. Вале бо вуҷуди ҳамаи он имкониятҳо дар он замон шумораи варзишгароне, ки дар миқёси ҷаҳониву минтақавӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ аз Тоҷикистони мо ширкату ҳунарнамоӣ кардаанд, ангуштшумор буданд. 
Бо вуҷуди ин, мо имрӯз номи Саидмӯъмин Раҳимов, Зебунисо Рустамова ва Иброҳим Ҳасановро ҳамчун номбардорони шарафи варзишии Тоҷикистон бо ифтихору эҳтиром ба хотир меорем.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвари мо муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Солҳои охир бахшида ба рӯзҳои таърихӣ ва идҳои умумихалқиву ҷашнҳои миллиамон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо мардуми зиёд, бахусус ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ҳунар ва маҳорати хешро намоиш медиҳанд. Илова бар ин, танҳо дар се соли охир аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он зиёда аз 400 чорабинии варзишӣ, чемпионатҳо, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ гузаронида шудаанд.
Бо мақсади тарғиби ғояҳои олимпӣ ҳоло баргузории Рӯзи дави миллӣ ба ҳукми анъана даромада, ба яке аз чорабиниҳои муҳими варзишӣ табдил ёфтааст. Дар ин рӯз садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи варзиш ва беҳдошти саломатии хеш фаъолона иштирок менамоянд.
Дар баробари вусъат ёфтани намудҳои гуногуни варзиши ҷаҳонӣ дар кишвар аксари намудҳои варзиши миллӣ ҳам ҷоннок мегарданд, ки мо инро ҳангоми баргузории ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ мушоҳида менамоем. Бешак, варзиши миллӣ низ дар радифи намудҳои варзиши муосир дар байни мардум мухлисони зиёд дошта, барои густариши тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар кӯшиш намоем, ки оммавияти ҳамаи намудҳои варзишро таъмин созем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда, ба хотири ҳарчи бештар ба варзиш ҷалб намудани мардум, бахусус ҷавонон ва омода сохтани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ мунтазам ғамхориву чораҷӯӣ карда истодааст.
Дар чанд соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи варзиш, сохтмон ва азнавсозии иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Панҷакент ва Хоруғ, ноҳияҳои Данғара, Нуробод ва Роштқалъа қариб 300 миллион сомонӣ харҷ гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум   шаст баробар зиёд мебошад. Имрӯз сохтмон ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Мӯъминобод, Рашт, Темурмалик, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол идома дорад. Лекин дар шароити кунунӣ ин тадбирҳо ҳанӯз басанда нестанд ва бинобар ин, рушди минбаъдаи соҳаи варзиш андешидани чораҳои иловагиро аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам аҳли ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони алоҳида тақозо дорад. Зеро ҳарчанд ки алҳол дар кишвар беш аз 100 варзишгоҳ, 1000 толори варзишӣ, зиёда аз 4000 майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва қариб 130 мактаби варзишӣ вуҷуд дорад, вале қисми зиёди онҳо ё ба таъмир ниёзманд мебошанд ё ба таври мақсаднок истифода бурда намешаванд.
Масалан, аз 1008 толори варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 335 адади он ва аз 46 толори варзишии дар назди 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалкунанда 18 толор таъмирталаб мебошад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ таъмин кардани толорҳо ва майдончаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо ва макотиби олӣ чораҷӯӣ намоянд.
Вазорати маориф ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо омӯзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар соли хониши ҷорӣ 370 нафар мутахассисони ҷавонро бо ихтисосҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва 130 нафарро бо ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ба кор сафарбар намудааст. Илова бар ин, бо дархости раёсатҳо ва шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 50 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва 44 нафар бо ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудаанд.
Тавре ки шумо дар хотир доред, солҳои аввали истиқлолият вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла бо сабаби норасоии маблағ ва дигар омилҳо дар соҳаи варзиш мушкилоти зиёд ва коҳиш ёфтани завқи мардум ба варзиш ба миён омада буд.
Дар он солҳо аз бемасъулиятии баъзе роҳбарон натанҳо сохтмону истифодаи иншооти варзишӣ қатъ гардид, балки баъзе иншоот, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо таҷҳизоташон дар чандин шаҳру ноҳияҳо хусусӣ гардонида шуда, ба ҷои онҳо хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои савдо сохта шуданд.
Дар шароити кунунӣ, ҳатто дар ҳолати пурра фаъолият намудани иншооти мавҷудаи варзишӣ онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо варзиш фаро гирифта метавонанду халос. Клубҳо ва мактабҳои варзишӣ бошанд, талаботи кӯдакону наврасон ва ҷавононро чандон қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон бо соҳаҳои гуногуни варзиш зарурате ба миён омадааст, ки ҳар як ташкилоту муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш саҳмгузор бошанд.
Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншооти варзишӣ, аз ҷумла толору майдончаҳо ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани онҳо, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони соҳаи варзиш бояд чораҳои амалӣ андешанд. Лекин, чунон ки имрӯз мушоҳида мешавад, роҳбарони баъзе шаҳру ноҳияҳо варзишро соҳаи дуюмдараҷа ҳисобида, барои вусъати ҳамаҷонибаи он диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Бояд гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем. Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки барои ҷалби ҳарчи васеътари мардум ба варзиш аз ҳама имкониятҳо пурраву самаранок истифода бурда, барои бунёд ва таъмиру таҷдиди иншооти варзишӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Масъалаи дигари ҳалталаб - таълими тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошад. Мутобиқи таҳлили мутахассисон дар натиҷаи ба дараҷаи кофӣ эътибор надодан ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ саломатии кӯдакон ва наврасону ҷавонон нисбатан коҳиш ёфтааст, ки ин боиси афзоиши сусти ҷисмонии онҳо мегардад.
Бинобар ин, Вазорати маорифро зарур аст, ки масъалаи зиёд намудани дарсҳои тарбияи ҷисмониро омӯхта, доир ба ислоҳи вазъ чораҳои дахлдор андешад. Ҳарчанд ки вобаста ба гузариш ба низоми бисёрзинагии таълим соатҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ кам шудаанд, вале муассисаҳои мазкур имкони ташкили клубҳо ва сексияҳои варзиширо доранд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва муассисаҳои мазкур вазифадор карда мешаванд, ки вобаста ба имкониятҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ба хотири рушди тарзи ҳаёти солим ва таъмини саломатии ҷавонон дар назди хобгоҳхо ва биноҳои таълимӣ клубҳо ва сексияҳо ташкил намуда, барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ тадбирҳо андешанд.
Солҳои охир доир ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим аз ҷониби Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як силсила корҳо ба анҷом расонида  шудаанд. Аммо дар шароити имрӯза ҳоло ҳам доир ба варзиш маводи кам ба дасти хонанда, донишҷӯ ва омӯзгор мерасад. Вобаста ба ин, вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои технологияи иттилоотӣ таҳия ва пахши маводи нави таълимиву омӯзишӣ ва тарғиботиву  ташвиқотиро дар соҳаи варзиш вусъат бахшанд.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба он ҷалб намоям, ин мушкилоти идоракунии варзиш ва фаъолияти федератсияҳои варзишӣ мебошад. Ҳоло дар кишвари мо қариб 50 федератсияи варзишӣ амал мекунад, ки қисме аз онҳо ба хотири рушди соҳа аз шароиту имкониятҳои мавҷуда фаъолона истифода мебаранд. Масалан, Федератсияи миллии таэквандо (роҳбараш Мирсаид Яҳёев), ки фаъолияти он барои дигар федератсияҳо метавонад намуна бошад. Вале дар айни замон хотирнишон бояд кард, ки на ҳамаи федератсияҳо барои оммавӣ гардонидани варзиш ва ҳарчи зиёдтар ҷалб намудани ҷавонон ба навъҳои гуногуни он ташаббус нишон медиҳанд. Баъзеи онҳо бо дастовардҳои муайяни соҳа ва доираи ҷудогонаи варзиш маҳдуд гардида, барои тавсеаи фаъолият дар бахшҳои нави варзишӣ кӯшиш намекунанд. Илова бар ин, тақрибан 90 фоизи федератсияҳо фаъолияти худро барои ширкат ва қувваозмоӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ равона намуда, ҷиҳати рушду инкишофи оммавии варзиш дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои  кишвар қариб ягон тадбир намеандешанд.
Ҳол он ки оммавигардонии варзиш вазифаи асосии федератсияҳо буда, онҳо ҳамчун сохторҳои ваколатдор амалан бояд сиёсати соҳаро пеш баранд. Имрӯз қисми зиёди федератсияҳои варзишӣ ба ташкилотҳои мухтор ва пӯшида табдил ёфта, қарорҳои қабулнамудаи онҳо ба меъёрҳои варзишӣ ва талаботи соҳа ҷавобгӯ намебошанд. Гузашта аз ин, бисёре аз федератсияҳо ҳамагӣ як ё ду варзишгарро дастгириву муаррифӣ менамоянду халос. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади рушди соҳа ҷавонону варзишгарони ояндадорро аз тамоми минтақаҳо интихоб намуда, барои қувваозмоии онҳо дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Мушкилоти дигари федератсияҳои варзишӣ шаффоф набудани фаъолияти молиявии онҳост. Баъзе федератсияҳои варзишӣ барои гузаронидани як чорабинӣ ҳам аз мақомоти давлатӣ, ҳам Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳам федератсияҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони кӯмакрасон маблағ мегиранд. Чунин вазъият тақозо менамояд, ки сохторҳои марбута сарфу харҷи маблағҳои барои чорабиниҳои варзишӣ ҷудошударо таҳти назорат қарор диҳанд.
Имрӯз қисми зиёди федератсияҳо на танҳо суроғаи муайян, балки барнома ва нақшаи доимии фаъолият, толорҳои варзишӣ ва лавозимоти зарурии ба талаботи замон ҷавобгӯ надоранд, инчунин роҳбарони баъзе федератсияҳо шахсони тасодуфӣ мебошанд. Ҳоло фурсати он расидааст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дар баробари андешидани чораҳои муассир барои оммавигардонии варзиш, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон намудҳои афзалиятнокро муқаррар намуда, дар доираи барномаҳои соҳавӣ маблағгузории онҳоро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, доир ба ривоҷи намудҳои дигари варзиш, аз ҷумла алпинизми кӯҳӣ, тӯби дастӣ ва монанди инҳо, инчунин ҷалби маъюбон ба варзиш чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, барои пешрафт ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои варзишӣ роҳбарии онҳоро бояд шахсони ташкилотчӣ ва дорои масъулияти баланд ба ӯҳда гиранд.
Дар навбати худ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ бояд натанҳо бо масъалаҳои молиявӣ машғул бошанд, балки фаъолияти федератсияҳоро давра ба давра таҳлил намуда, интихоби варзишгарон, тасдиқи барномаҳои омодагӣ, таъйини мураббиён ва доварони сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сарпарастонро зери назорат гиранд ва ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Илова бар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки вобаста ба муайян намудани имтиёзҳо барои соҳибкороне, ки варзишгоҳу майдонҳои варзишӣ сохта, ба таври ройгон ба моликияти давлатӣ месупоранд, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.
Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузории соҳаи варзишро ҳамасола зиёд карда, ҳамзамон бо ин, як қисми маблағҳои аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷет бадастомадаро барои рушди соҳаи зикршуда равона намоянд.
Омили дигари ба дараҷаи кофӣ густариш наёфтани соҳаи варзиш дар кишвар  сатҳи пасти таблиғоти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути воситаҳои ахбори умум  мебошад. Дар шароити имрӯза ҳарчи бештар ва ҳадафноку пурмӯҳтаво ташвиқ намудани варзиш ва аҳамияти бузурги он ба насли ҷавон таъсири мусбат мерасонад, ғайрату қувват ва азму иродаи онҳоро ба самти зарурии ҳаётӣ равона месозад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи мо бояд як нуктаи басо муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки истиқлолият имкон дод, то мо тавонем ҳамаи масъалаҳои марбут ба давлату давлатдорӣ ва ояндаи халқамонро аз нигоҳи манфиатҳои кишвари соҳибистиқлоламон арзёбӣ намоем. Фикр мекунам, ки мо ба варзиш ҳам бояд аз ҳамин мавқеъ баҳо дода, онро ба ниёзи доимии иҷтимоӣ дар ҷомеа табдил диҳем. Ба ибораи дигар, рушди соҳаи варзиш ва ҳарчи бештар оммавӣ гардонидани он бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон эътироф карда шавад ва дастгирии давлатии ин соҳаи муҳим ҳамаҷониба таъмин гардад.
Бо дарназардошти андешаҳои иброзгардида ва бо мақсади мусоидати бештар ба ҳалли ҳадафманди мушкилоти соҳаи варзиш, инчунин ҷиҳати ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ пешниҳод мегардад, ки  дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шавад.
Вазорату идораҳои дахлдор Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соли ҷорӣ барои солҳои 2011-2013 аз ҷониби ҳукумат қабул гардидааст, ба барномаи панҷсола табдил дода, дар он масъалаҳои таъмир ва таҷдиди иншооти варзишӣ, масъулияти сохторҳои ваколатдор дар соҳаи варзиш ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гарданд. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи солҳои наздик бунёд намудани Маркази омодагии олимпӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш таваҷҷӯҳ ва ғамхории доимӣ зоҳир намуда, доир ба сохтмони маҷмааҳои варзишӣ дар сатҳи баланд, инчунин бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ чораҳои муассир андешанд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ  буда, барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму нерӯманд аҳамияти бузург дорад.
Тарғибу ташвиқи мақсадноки он имкон медиҳад, ки аҳолии кишвари мо ҳарчи бештар ба варзиш машғул гардида, тарзи ҳаёти солим ва нерӯи созандаи худро ба фарҳанги зиндагии замонавӣ мутобиқ созанд. Барои рушди соҳаи варзиш мо дар мамлакат имконияту захираҳои зарурӣ дорем ва бояд аз онҳо оқилонаву мақсаднок истифода намоем.
Дар рушду тавсеаи варзиш дар кишвари мо нақшу нуфузи шумо - варзишгарони мӯҳтарам, хеле калон аст. Маҳз шумо бояд дар байни табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон зарурати пешрафту густариши соҳаи варзишро тарғиб намуда, таҷрибаи  худро ба онҳо омӯзонед. Фаромӯш насозед, ки насли ҷавони болаёқату меҳанпарвар ва бонангу номуси Ватан аз шумо ва корнамоиҳои варзишиатон сабақи бузурги ҳаётӣ мегирад ва устуворона аз пайи шумо меравад.
Шумо бояд бо кору пайкори ибратомӯзи ҳамарӯзаатон собит созед, ки варзиш маънои нерӯмандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад. Дар лаҳзаҳои садо додани Суруди миллӣ ва афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тамоми халқи кишвар худро сарбаланду пирӯз меҳисобад, дар замири ҳар як шаҳрванди ватандӯсту бонангу номус аз ин дастовардҳои фарзандони шӯҳратёри Ватан ифтихори беандоза бедор мешавад. Шумо дар ёд дошта бошед, ки миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад.
Итминони комил дорам, ки солҳои наздик Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи самтҳои варзиш ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад ва аз ҷумла корнамоиву пирӯзиҳои шумо, ҳозирини гиромӣ, дар таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Орзу дорам, ки сулҳу амонӣ, файзу баракат, тансиҳативу пирӯзиҳо ҳамеша насиби ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва шумо - пешоҳангони соҳаи варзиш бошанд ва Ватану миллати соҳибтамаддуни мо дар радифи кишварҳои паҳлавонпарвару ояндасоз ҷой гирад.
Дар фарҷоми сухан бори дигар ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири таҳкими шӯҳрату обрӯи Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол пирӯзиҳои тоза ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави варзиширо орзумандам.
Ҳамеша саломату дастболо бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3308
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед