мулоқотҳо
Сафири нави Туркия
ба Президенти Тоҷикистон эътимоднома супурд
17 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулода ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирик эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нави Туркия, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Аз сатҳи муносиботи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки "ду сол боз ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар аз ним миллиард доллари амрикоӣ боло меравад". Аз самараи кори комиссияи муштараки ҳамкории дуҷониба ва таъсис ёфтани гурӯҳи кории энергетикӣ низ қаноатмандӣ зоҳир гашт.
Изҳори умед шуд, ки мулоқоти навбатии сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ва форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия, ки ба наздикӣ бо иштироки роҳбарони ҳар ду давлат дар шаҳри Истамбул баргузор мегардад, натиҷаҳои нав ба бор меорад ва шумораи ширкатҳо ва корхонаҳои муштарак аз имрӯза бештар мегардад.
Меҳмет Мунис Дирик изҳор дошт, ки ба ҳайси сафири нави Туркия дар Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории ду кишвар ва таъмини густариши бештари муносибатҳои мутақобила ҷаҳду талош мекунад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1999