logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Рамазон Абдулатифов

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифовро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Рамазон Абдулатифов баҳри фаъолияти пурсамари дипломатиаш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Русия арзи сипос карда, заҳматҳои арзандаи ӯро бо мукофоти баланди давлатӣ - ордени Дӯстӣ қадрдонӣ намуд.
Рамазон Абдулатифов аз ин мукофоти олӣ изҳори сарфарозӣ карда, ба нақши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои дуҷониба ва тасмимҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Русия, хусусан дар ҳаллу фасли масоили амнияти минтақавӣ баҳои баланд дод.
-Нақши бузурги  Тоҷикистон  ва  Сардори он Эмомалӣ  Раҳмонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан дар ҳаллу фасли масоили вобаста ба Афғонистон ҳоло то охир дарк накардаанд, - таъкид дошт Рамазон Абдулатифов.
ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки минбаъд низ баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия саҳми худро дареғ нахоҳад дошт. Ба андешаи ӯ Русия бояд тариқи амалӣ намудани лоиҳаҳои бузургҳаҷми инвеститсионӣ таҳкурсии иқтисодии робитаҳои ҳарбӣ-сиёсии худро бо Тоҷикистон мустаҳкам намояд.
Зимни сӯҳбат инчунин оид ба дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва роҳҳои таъмиқу тавсеаи бештари робитаҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7887
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед