logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши 11-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, шаҳри Истамбул, 23 декабри соли 2010

Мӯҳтарам ҷаноби раис,
Мӯҳтарам роҳбарони
давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Дӯстони азиз,

Пеш аз ҳама мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Олӣ Абдулло Гул барои ибтикорашон ҷиҳати даъвати Саммити имрӯза ва пазироии гарм изҳори сипоси самимӣ намоям.
Ҳамчунин аз Котиботи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таҳти роҳбарии Дабири Кулл ҷаноби Яҳё Маъруфӣ, ки барои омода намудани ҷаласаи мазкур кори бузургеро анҷом додааст, сипосгузорам.
Имрӯз дар назди мо вазифаи муҳим - баррасӣ ва қабули Эъломияи Истамбул ва  қарорҳои муҳим оид ба таъмини фаъолияти самарабахши Созмони мо, густариши минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани он то сатҳи сифатан нав истодааст.
Умедворам, ки баррасии имрӯзаи масоил аз бисёр ҷиҳат мусоидат ба он хоҳад кард, ки мо ба ҳалли масъалаҳои ҳалталаби амалӣ шурӯъ намоем, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоямон, истифодаи пурраи имконоти Созмон ба хотири рушди устувор ва шукуфоии иқтисодии тамоми минтақаи фаъолияти он ноил гардем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитӣ, соддагардонии расмиёти савдо, густариши тиҷорати наздисарҳадӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ ва маводи карбогидридӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ ва интиқоли озоди молу нерӯи кориро дар чаҳорчӯбаи Созмон аз самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ медонад.
Ҳамкории тиҷоратии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки алҳол соҳаи афзал аст, дар пешрафти раванди ҳамгироӣ ба хотири бунёди иқтисоди солими минтақавӣ имрӯз нақши калидӣ дорад. Қобили зикр аст, ки бозори кишварҳои аъзои Созмон барои Тоҷикистон ҳар чӣ бештар дастрас ва фоидаовар мегардад.
Ҳоло кишварҳои аъзои Созмон дар тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф ҳастанд. Зикри он кофист, ки ҳиссаи кишварҳои шомили минтақаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 39 фисадро ташкил медиҳад.
Мо дар бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз роҳҳои беҳтарини татбиқи амалии барномаҳои самарадеҳи иқтисодиро мебинем. Ин гуна минтақаҳо бояд омили муҳими рушд бошанд, ба тавсеаи фаъолияти иқтисодӣ мусоидат намоянд, ба таҳкими тиҷорати минтақавӣ ва транзити молҳо кӯмак расонанд. Бисёр кишварҳои аъзои Созмон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ташкили минтақаҳои озоди тиҷоратии худ ба кишварҳои узви Созмон дар қаламраваш қитъаҳои замин ҷудо намуд, ки мо барои ин иқдомаш миннатдорем.
Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз кишварҳои Созмон даъват ба амал меорад, ки дар ин қабил лоиҳаҳо фаъолона ширкат варзанд. Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил шудааст, ки дар онҳо барои фаъолияти шарикони эҳтимолии хориҷӣ шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ муҳайё гаштааст.
Дар айни замон таъкид бояд кард, ки бо як қатор сабабҳо ҷараёни иҷрои баъзе лоиҳаву барномаҳои Созмон, ки дар санадҳои барномавиаш тасдиқ гардидаанд, натиҷаҳои мусбат ба бор наовардаанд. Қабл аз ҳама, ин ба лоиҳаҳои соҳаи тиҷорат, нақлиёт ва энергетика дахл дорад.
Ба назари мо, татбиқи амалии комили Созишномаи тиҷоратии Созмон ба хотири рушду тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзо дар ин арса бояд аҳамияти афзалиятнок касб намояд. Зиёда аз ин, иҷрои Созишномаи тиҷоратии Созмон бояд як қадаме гардад дар самти бунёди минтақаи тиҷорати озод дар қаламрави Созмон то соли 2015-ум, ки ин ҳадаф дар дурнамои он барои панҷ соли минбаъда инъикос ёфтааст.
Омили муҳими кам кардани таъсири манфии бӯҳронҳо ва таъмини пешрафти иқтисоди кишварҳои минтақае, ки ба он Тоҷикистон шомил аст, рушди долону коммуникатсияҳои нақлиётӣ мебошад.
Аз ин рӯ, баррасии масъалаҳои сохтмони роҳҳое, ки кишварҳои ин минтақаро пайваст намуда, иртиботи кишварҳои Осиёи Марказиро бо бандарҳои халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳинд имконпазир менамоянд, ҷавобгӯи манфиатҳои муштараки мо мебошад. Ва ин ҷо сухан на фақат аз бунёди коммуникатсияҳои муосир, балки дар бораи таъмини интиқоли озоди мол, нерӯи корӣ ва сармоя низ меравад.
Дар ин робита Созишномаи сиғавӣ оид ба интиқоли транзитии борҳоро, ки эътибори амалӣ пайдо кардааст, мо ба ҳайси фишанги амалисозии стратегияи самараноки тавсеаи тиҷорат аз тариқи густариши ҳамкории минтақавии транзитӣ-нақлиётӣ арзёбӣ менамоем. Он бояд интиқоли молу хизматрасониро дар минтақаи Созмон хеле осон гардонад.
Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳсуб меёбад. Ба ин матлаб мо тавассути сохтмони нақбҳо, пулҳо, роҳҳои замонавии мошингарду оҳан, инфрасохтори нақлиёту коммуникатсияҳои рӯизаминӣ ноил гаштанием.
Тадбирҳое, ки дар кишвари мо дар солҳои охир мутобиқи Барномаи Алмаато, аз ҷумла аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои гуногуни нақлиётӣ андешида шудаанд, дар мавриди ҳалли масъалаҳои такмили сиёсати давлатии нақлиётӣ, густариши боркашонии транзитӣ, бунёду такмили инфрасохтори нақлиётии дорои аҳамияти минтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа мутамарказ буданд.
Солҳои охир дар бахши сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилӣ дар кишвари мо 14 лоиҳаи сармоявӣ ба маблағи умумии наздики як миллиард доллари амрикоӣ мавриди татбиқи амалӣ қарор доранд. Алҳол анҷоми силсилаи лоиҳаҳо то соли 2012 дар нақша аст, ки дар натиҷаи ин 1650 км роҳҳо, 15 км тунелҳо ва зиёда аз 100 пули пайвасткунандаи Тоҷикистон, Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон сохта ва таҷдид карда мешаванд.
Тоҷикистон ғояи ҳаракати Корвони автомобилҳои Созмон «Роҳи абрешим-2010»-ро, ки дар моҳҳои сентябр-ноябри соли равон аз ҳудуди ҳафт кишвари аъзо убур карда, имкони хуби омӯзиши вазъи ҳаракати транзитии нақлиёти автомобилиро дар минтақа муҳайё сохт, пуштибонӣ менамояд.
Мо иштироки худро дар давраи дуюми Корвони автомобилӣ, ки дар ибтидои соли 2011 ба нақша гирифта шудааст, таъкид менамоем.
Ибтикороти Созмон дар татбиқи амалии лоиҳаҳои тиҷорати минтақавии нерӯ (энергия) байни Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Эрон ва дар мавриди дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои мост. Амалияи густариши тиҷорати нафту гази моеъ бо нархҳои имтиёзнок бо кишварҳои аъзои Созмон, ки захираҳои миллии нафт ва гази табиии онҳо маҳдуданд, низ иқдоми хубе мебуд.
Тавре маълум аст, минтақаи Созмон дорои захираҳои азими маводи карбогидридӣ ва обу энергетикӣ мебошад, ки ин омил ҷойи онро дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба таври назаррас муайян мекунад. Истифодаи фарогир ва самарабахши имконоти мавҷуда нақши кишварҳои минтақаро дар муайянсозии конъюнктураи бозори ҷаҳонии захираҳои энергетикӣ ва кам кардани таъсири манфии тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ ва иқтисоди глобалӣ пурзӯр менамояд.
Зимнан мо чунин андеша дорем, ки Эъломияи Душанбе ва нақшаи нави амалиёт оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва нафт барои солҳои 2011-2015, ки дар ҷаласаи вазирони энергетика ва нафти кишварҳои Созмон дар моҳи октябри соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон қабул шуданд, дар рушду таҳкими ҳамкории кишварҳо дар масъалаҳои пайвасти мутақобилаи шабакаҳои энергетикӣ механизми арзишманд хоҳанд гашт.
Интиқоли нафт, газ, нерӯи барқ, тиҷорати онҳо ва дигар навъҳои нерӯ (энергия) дар ҳудуди минтақаи Созмон ва берун аз он, рушди захираҳои башарӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, сиёсати энергетикӣ ва банақшагирӣ, ҳамоҳангсозии дақиқ ва ҳамкорӣ ба сифати бахшҳои авлавиятдори Нақшаи амалиёти номбурда муайян шудаанд.
Ба ақидаи мо, масъалаҳои истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ ва оби минтақа имрӯз бояд дар иртибот ба мавзӯи мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим баррасӣ шаванд. Дар ин самт бо роҳи ташкили идораи устувори захираҳои обӣ, ҳалли масъалаҳои об дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ дар асоси истифодаи дурусти мусоидати байналмилалӣ ва имконоти дохилӣ ба натиҷаҳои амалӣ муваффақ шудан мумкин аст.
Пайомадҳои экологӣ ва иҷтимоии тағйири иқлим боиси нигаронии умум гаштаанд. Яке аз зуҳуроти умдаи ин равандҳои номатлуб, бидуни шак, босуръат об шудани пиряхҳо мебошад. Тибқи пешгӯии коршиносон, гармшавии глобалии иқлим ба нобуд гаштани қисми зиёди пиряхҳо боис мешавад.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст, ки наздики 60 фисади захираҳои оби дарёҳои минтақаи моро ташаккул медиҳад. Вале дар тӯли даҳсолаҳои охир зиёда аз ҳазор пирях нест шудааст, ки ин тамоил басо хатарнок аст. Мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо роҳ диҳем, зеро онҳо дар минтақаи бузург манбаи ҳаёт мебошанд.
Тоҷикистон дар иҷлосияи сеюми Конфронси байналмилалӣ оид ба иқлим таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намуд. Мо умед дорем, ки кишварҳои аъзои Созмон ин пешниҳодро пуштибонӣ хоҳанд намуд, зеро сухан дар бораи некӯаҳволии мардумони мо ва ҳамчунин тақдири наслҳои оянда меравад.
Тағйири иқлим аз лиҳози афзоиши хатари офатҳои табиӣ низ қобили таваҷҷӯҳи хоса аст, чунки он монеаи ҷиддӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор аст. Тақвияти амалиёти муштарак ба хотири кам кардани хатарҳо ва сабук гардонидани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба назари мо, комилан зарур мебошад. Талоши якҷоя бояд ба таҳкими нерӯи пешгирӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз хатари офатҳои табиӣ, беҳтар намудани мониторинг ва арзёбии пайомадҳо бо истифода аз хулосаҳои илмӣ равона карда шавад.
Мӯҳтарам иштирокдорони саммит,
Ба эътидол омадани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Афғонистон барои рушди бештари минтақаи Созмон заминаҳои мусоид фароҳам месозад. Дар ин росто кишварҳои аъзои Созмонро мебояд, ки ба масъалаҳои мусоидат ба эҳёи Афғонистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
Боиси қаноатмандист, ки Созмон дар ин самт аз тариқи вусъати кори Бунёди мутолеоти фаннию иқтисодӣ иқдом менамояд.
Мо ҷонибдори иҷрои сареи Нақшаи амалиёти Созмон оид ба эҳёи Афғонистон мебошем. Дар навбати худ, Тоҷикистон дар ҷодаи эҳёи муҷаддади иқтисоди Афғонистон саҳми назаррас мегузорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақоми ҳамоҳангсози Созмонро ҷиҳати назорати маводи нашъадор баланд арзёбӣ менамояд ва зарурати таҳкими ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид месозад.
Тоҷикистон ҷонибдори тадбирҳои баланд бардоштани самараи фаъолияти умумии Созмон мебошад. Ба назари мо, он ба ислоҳоти куллие ниёз дорад, ки бояд ба афзоиши минбаъдаи боздеҳи фаъолияти Созмон, таҳкими нақши ҳамоҳангсози он, мутобиқшавӣ ба воқеиятҳои имрӯза ва таҳдидҳои оянда, таъмини интихоби оқилонаи кадрҳо ва ба вазъи муосир мутобиқ намудани рӯзномаи фаъолияти он равона карда шавад.
Нақши муттаҳидсози Созмон тақвият ёфта, сохторҳои таҷдидёфтаи он бояд самарадеҳ ва қобили вокуниши фаврӣ ва айнӣ ба ҳаводиси минтақа гарданд.
Саммити имрӯза азму иродаи кишварҳои аъзоро дар мавриди такмили фаъолияти Созмон ва афзун намудани нерӯи он намоиш дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар фаъолияти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ фаъолона иштирок намуда, сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаашро дар чаҳорчӯбаи он боло бурданист. Мо ҳамеша тарафдори ҳамкории минтақавӣ дар тамоми фазои Созмон ба нафъи шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои он будем ва хоҳем монд.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3127
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед