logo

энергетика

Зимистон пойтахт чароғон мешавад?

Вазифаи ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» интиқоли барқ аз зеристгоҳҳои калон то зеристгоҳҳои хурд ва таъмини саривақтӣ ва шабонарӯзии идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, иншоотҳо ва аҳолӣ бо нерӯи барқ мебошад.
-Зимистони гузашта барфи зиёд борид ва хеле қаҳратун буд, -гуфт зимни сӯҳбат Нурмаҳмад Холназаров, муовини аввали раиси ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ва афзуд: -Мо натавонистем пойтахтро бо барқи доимӣ таъмин кунем. Дар натиҷа маҳдудияти масрафи нерӯи барқ ҷорӣ шуд. Албатта, ин маҳдудият ба мо вобаста набуд, балки обанборҳо ба камобии зиёд дучор омада буданд.
Мавриди зикр аст, ки ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ба ШСХК «Барқи тоҷик» итоат мекунад ва ин ширкат аст, ки ба зерсохторҳои худ амри таъйини меъёрро медиҳад.
Ҳоло дар пойтахт 28 зеристгоҳ дар тобеияти ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» қарор дорад. Зимистони гузашта як қисми ин зеристгоҳҳо, ба сабаби фарсудагии дастгоҳҳо, аз кор баромада буданд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки онҳо мавриди тармими навбатӣ ё бозсозии куллӣ қарор гиранд. Ин амри хайр амалӣ гашт.
Бо дастгирии роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» ба воситаи корхонаи «Маркази таҷдиди кор» трансформаторҳои пуриқтидор аз Туркия ва Украина харидорӣ ва дар зеристгоҳҳои «Ваҳдат», «Спортивная», «Душанбе», «ХБК» ва «Қасри миллат» насб шуданд. Ҳоло тармиму бозсозӣ дар зеристгоҳҳои «Шаҳраки академӣ» ва «Фирдавсӣ» босуръат идома дорад. Дар зеристгоҳҳо навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ шудааст.
-Дастгирии ширкати «Барқи тоҷик» имсол хеле назаррас буд, -таъкид намуд Нурмаҳмад Холназаров. -Имсол пойгоҳи моддию техникии мо бо 7 мошини хидматрасони таъҷилии техникӣ, як крани борбардори 15 –тоннагӣ, як озмоишгоҳи техникии худгард ва як трактор такмил ёфт.
Ба саволи оё имсол дар фасли зимистон дар пойтахт маҳдудияти барқ чун зимистони пешин боқӣ мемонад, муовини аввали раиси ҶСШК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ҷавоб дод, ки имсол маҳдудияти барқ дар пойтахт бардошта мешавад ва Душанбешаҳр чароғон хоҳад шуд, зеро мувофиқи шартномае, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ба  имзо расидааст, аз моҳи ноябр 1200 миллион кВт-соат нерӯи барқ ба ҷумҳурии мо интиқол меёбад ва ширкати «Барқи тоҷик» тасмим дорад, ки пойтахт дар мавсими зимистон пура бо барқ таъмин бошад.
-Маҳдудияти нерӯи барқ аз ноилоҷист. Оби рӯди Вахш, ки тахминан 90 дарсади тавлиди нерӯи барқи ҷумҳурӣ ба он вобаста аст, хеле коҳиш ёфтааст, -гуфт дар поёни сӯҳбат Нурмаҳмад Холназаров. –Аз ин рӯ, аз бошандагони пойтахт хоҳиш мекунем, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд. Итминони комил дорем, ки баъди амалишавии барномаи истиқлоли энергетикии ҷумҳурӣ аз рӯи меъёр додани барқ ба афсона табдил хоҳад ёфт.

Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4933
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед