logo

энергетика

Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ даст хоҳад ёфт

Тоҷикистон дорои захираҳои гидроэнергетикии азимест, ки фақат аз 5 дарсади он баҳрабардорӣ мекунад ва солҳост, ки даргири бӯҳрони энергетикист. Ҳол он ки энергетика локомотиви иқтисоди ҳар кишвар ва абзори таҳаққуқи сиёсати дохилию хориҷии ҳар давлат мебошад.
Ҷумҳурии мо соли 2011 20-умин солгашти худро ҷашн мегирад ва давлати миллӣ аз ибтидо дастёбӣ ба истиқлоли энергетикиро яке аз се ҳадафи стратегии худ эълом дошта, дар ин масири озодӣ  гомҳои устуворе мегузорад.
Мусаллам аст, ки истиқлоли миллии мо, то Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ раҳоӣ наёбад ва то ба истиқлоли энергетикӣ соҳиб нашавад, осебпазир хоҳад монд. Аз ин ҷиҳат дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ сиёсати солиму созандае мебошад, ки дар маркази таваҷҷӯҳи хосаи Эмомалӣ Раҳмон - Сардори давлат қарор гирифта ва ҳамеша онро ба ҳайси қисматсозтарин масъалаи ҳаёти миллат ва кишвар таъкид мекунад. Президентамон 20 сентябри соли 2010 дар иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Нию Йорк бори дигар ёднишон сохт, ки дастёбӣ ба манбаъҳои энергия ҳаққи мусаллами давлат ва миллати мост.
Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои энергияи суннатие чун нафту газ фақир буда, вобастагии шадиде ба кишварҳои хориҷӣ дорад. Кишвари мо ба таърихи 1 декабри соли 2009-ум 100 дарсад ба маҳсулоти нафтӣ, 99 дарсад ба гази табиӣ ва 100 дарсад ба гази моеи хориҷӣ вобастагӣ дошт ва солҳои наздик дурнамои рӯшани раҳоӣ аз ин тангно вуҷуд надорад. Пас оё Тоҷикистон барои ҳамеша кишвари вобастаи газу нафти хориҷӣ боқӣ хоҳад монд ва зери фишори давлатҳои қудратталаб қарор хоҳад гирифт?
Дар даврони шӯравӣ корҳои муҳиме дар кашфу истихроҷи газу нафту ангишт дар ҷумҳурӣ иҷро шуд ва охири солҳои 80-ум соле то 500 миллион метри мукааб газ ва 500 ҳазор тонна нафт тавлид мешуд. Аммо ин захираҳо ночиз буда, ниёзҳои рӯзафзунро ба ин ду навъи энергия бароварда наметавонист. Мутахассисон вуҷуди гази табиии қобили мулоҳизаеро дар майдонҳои Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав, Шоҳанбарии ноҳияи Ҳисор, Рангони ноҳияи Рӯдакӣ ва Саргазони ноҳияи Данғара пешбинӣ карда буданд. Аммо гази ин майдонҳо ба сабаби вижагиҳои ҷуғрофӣ дар умқи беш аз 6 ҳазор метр қарор дорад ва ковиши як чоҳ даҳҳо миллион доллар мехоҳад. Вақте ки тасмим бигиранд, ки чоҳ ковиш шавад, бояд ҳаҷми захира кофӣ бошад, харҷи ковишро ҳам пӯшонад ва ҳам фоида оварад. Ба сабаби набуди сармоя, таҷҳизоти техникӣ ва мутахассисони варзида истихроҷ дар ин майдонҳо сурат нагирифт.
Аммо пас аз истиқлол ширкати русии «Газпром» аз соли 2005 бо ҷудосозии 63 миллион доллар, бо ёрии мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва охирин дастовардҳои техникӣ ба ҷустуҷӯи гази табиӣ пардохт. Даҳаи аввали декабри соли 2010 дар майдони Сариқамиш, ки дар фосилаи 36 километрии самти ҷанубу ғарби пойтахт воқест, кори расмии чоҳковӣ то умқи 6 ҳазору 300 метр, ки амиқтарини чоҳҳо дар қаламрави ИДМ мебошад, шурӯъ шуд. Аз рӯи баррасии пешакӣ захираи гази табиии ин майдон 60 миллиард метри мукааб аст ва ин ҳаҷм Тоҷикистонро то 50 сол бо гази худӣ таъмин мекунад. «Газпром» тасмим гирифтааст, ки ба ҷустуҷӯи нафт дар шимоли ҷумҳурӣ ҳам машғул хоҳад шуд.
Хабари кашфи захираи азими гази табиӣ дар майдони Сариқамиш ба мардум умеди тоза бахшид ва ҳамаро шод кард. Агар истихроҷи ин майдон оғоз ва захираи калоне дар се майдони дигар кашф шавад, Тоҷикистон ҳудудан барои 70-100 сол бо гази худӣ таъмин хоҳад шуд ва гоми устуворе дар масири дастёбӣ ба амнияти энергетикӣ хоҳад гузошт. Низ бархе мутахассисон пешбинӣ кардаанд, ки Тоҷикистон дар болои баҳре аз нафт қарор дорад. Агар ин пешбинӣ ҳам тасдиқ шавад, дар он сурат ҷумҳурӣ аз нафти хориҷӣ ҳам бениёз хоҳад гашт.
Аммо ҳақиқат чунин аст, ки энергияҳои суннатии газ, нафт ва ангишт таҷдиднопазиранд ва захираи онҳо рӯзе ҳатман ба интиҳо хоҳад расид. Аз ин рӯ ҷаҳон ҷиддан дар ҷустуҷӯи манбаъҳои энергияҳои таҷдидпазир мебошад. Ва яке аз ин энергияҳо нерӯи об аст. Агарчи бо падидаи номатлуби гармоиши ҷаҳонӣ захираҳои обӣ коҳиш меёбад, аммо ҳеҷ гоҳ аз миён намеравад. Тоҷикистон бо доро будан ба 60 дарсади захираи обии минтақа дар сурати баҳрабардории хирадварзона аз ин манбаъҳо зарфияту тавонмандӣ дорад, ки ба бузургтарин қудрати гидроэнергетикии минтақаӣ табдил ёбад.
Ҳанӯз дар айёми шӯравӣ ба рушди гидроэнергетика таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир шуда буд ва як силсила нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гаштанд. Калонтарини онҳо дар шимол Қайроққум аст, ки дар лаби Сирдарё соли 1957 ба кор пардохт ва 126 МВт иқтидор дошта, тақрибан 7 дарсади нерӯи барқи ҷумҳуриро тавлид мекунад. Норак дар ҷануб калонтарин нерӯгоҳ аст, ки сохтмони он соли 1961 оғоз ёфту охирин агрегаташ соли 1979 ба кор даромад ва иқтидори он 3 ҳазор МВт буда, 11,2 миллиард кВт - соат нерӯи барқ тавлид мекунад.
Дар барномаи энергетикии таҳияшуда дар оғози солҳои 80-ум бунёди нерӯгоҳҳои азиме мисли Роғун, Сангтӯда, Кофарниҳон ва Шӯроб пешбинӣ шуда буд, то рушди низоми энергетикии ҷумҳурӣ 5 баробар афзоиш ёбад ва соле 86,8 миллиард КВт - соат нерӯи барқ тавлид шавад. Аммо бо воқеаҳои оғози солҳои 90-ум ин барнома ҷомаи амал напӯшид.
Дар давраи истиқлол барои раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ дар чанд самт кор сурат гирифт.
Якум, бисёре аз нерӯгоҳҳо тармиму таҷдид шуданд. Нерӯгоҳи Варзоб беш аз 80 ва Қайроққум беш аз 50 сол умр дошта, бо фарсоиш мувоҷеҳ буда, бо иқтидори тамом нерӯ тавлид намекарданд. 9 агрегати Норак ҳам мӯҳтоҷ ба навсозии ҷиддӣ буд.
Дуюм, бо сармояи 598 миллион доллар ва заковати мутахассисони русу тоҷик апрели соли 2005 бунёди нерӯгоҳи азими «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 МВт шурӯъ шуд, ки дар 220 километри ҷануби пойтахт воқест. 75 дарсади саҳмия аз они Русия ва 25 дарсад аз они Тоҷикистон мебошад. Ин нерӯгоҳ охири соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло кор дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» босуръат давом дорад, ки бо иқтидори 220 МВт бо сармояи муштараки Эрону Тоҷикистон сохтусоз мешавад. 90 дарсади корҳо ба анҷом расида ва умед аст, ки то ҷашни 20-солагии истиқлол пура ба кор оғозад ва тавлиди нерӯи барқ боз як миллиард киловатт - соат афзоиш хоҳад ёфт.
Сеюм, пас аз фурӯпошии низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ дар шимоли ҷумҳурӣ норасоии шадиди нерӯи барқ эҳсос шуд ва бо сохтусози хати интиқоли нерӯи барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол», ки беш аз 300 километр тӯл дорад, вилояти Суғд то андозае бо энергияи худӣ таъмин гашт. Низ бо бунёди хати интиқоли нерӯи барқи 220-киловолтаи «Лолазор-Хатлон» низоми энергетикии ягонаи ҷумҳурӣ дар ҳоли шаклгирии комил аст.
Аммо дар пайванд задани водии Зарафшон, ки қариб 12 ҳазор километри мураббаъ масоҳат дошта, бештар аз сеяки қаламрави вилояти Суғдро ташкил медиҳад ва дар он қариб 300 ҳазор кас зиндагӣ мекунад ва бо барқи содиротии Ӯзбекистон таъмин мешуд, ба ҳалқаи энергетикии дохилӣ чӣ иқдомоте дар ҳоли анҷомгирист? Баъди баромадани Ӯзбекистон аз низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ Душанбе маҷбур шуд, ки дар аввал ним сол нерӯи барқро аз Тошканд бо нархи 4 сент барои як киловатт- соат харидорӣ намояд ва онро бо нархи дохилии 1,9 сент ба зарафшониён бифурӯшад. Дар нимаи дуюми июли соли ҷорӣ хати баландшиддат шаҳраки Айниро, ки дар фосилаи 150 километр аз Душанбе қарор дорад, бо зеристгоҳи Варзоб пайваст. Тарҳи берун овардани ин водӣ аз инзиво 35 миллион доллар арзиш дорад ва ширкати чиноии «TVEA» корро дар ин росто оғоз кард.
Бо ин ҳама бӯҳрони энергетикӣ мушкили рақами якуми ҷумҳурист. Аммо мӯҷиби хурсандист, ки сол ба сол бо афзоиши нуру ҳарорат Тоҷикистон ба чароғистон бадал мешавад ва норасоии барқ дар нисбати солҳои пеш ҳудудан 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи коршиносон, мо алҳол дар мавсими сармо 12-15 дарсад норасоии нерӯи барқ дорем.Тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз Қазоқистон барои ин мавсим мавҷуд аст, ки комиссияи муштарак онро баррасӣ дорад.
Сардори давлат ҳангоми бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш зимни суханронӣ изҳор дошт, ки танқисии мардум аз нерӯи барқ дар ду-се соли оянда аз байн меравад. Ин сухан далелҳои қавӣ дорад. То ин муддат «Сангтӯда-2» пура ба кор медарояд. Тахминан соли 2013 мо бӯҳрони энергетикиро паси сар хоҳем гузошт.
Аз ду иқдоми муҳими дигар дар ҷодаи вораҳӣ аз бӯҳрони энергетикӣ низ ёдоварӣ бояд кард. Соли 2009 бо рӯ овардан ба чароғакҳои каммасраф 1,2 миллиард киловатт -соат нерӯи барқ сарфа гардид. Инчунин дар ҷумҳурӣ энергетикаи хурд рӯ ба афзоиш мебошад. Тибқи баррасиҳо, иқтидори рӯдҳои хурду миёнаи ҷумҳурӣ 30 миллион КВт буда, бо сохтусози нерӯгоҳҳои хурду миёна соле метавон 1000 миллиард КВт -соат нерӯи барқ тавлид кард. То ин дам беш аз 200 нерӯгоҳи хурд бунёд шуд. Як мисол меорем. Поёни соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт нерӯгоҳи хурди Сангикар бо маблағи 1 миллиону 662 ҳазор доллар бо иқтидори 1000 КВт -соат ба истифода дода шуд. Бартарии ин нерӯгоҳҳо ин аст, ки аз нигоҳи иқтисодӣ арзонтар, аз ҷиҳати экологӣ тозатар буда, бунёди онҳо баромадани ҷумҳуриро аз бӯҳрони энергетикӣ метезонад. Дар ин замина ба ҷумҳурӣ хусусан Бонки рушди исломӣ ёрии калон мерасонад.
Бо ин вуҷуд инҳо корҳои оғозинанд, бо ин иқдомот метавон аз бӯҳрони энергетикӣ раҳо гашт, вале наметавон ба истиқлоли энергетикӣ даст ёфт. Тоҷикистонро маҳз бунёди нерӯгоҳи Роғун ба як қудрати энергетикии минтақаӣ табдил медиҳад.
Норак ва Роғун тақрибан дар як минтақа ҷой гирифтаанд. Нерӯгоҳи Норак беш аз 40 сол вуҷуд дорад ва моҳи октябри соли гузашта Комиссияи байналмилалии сарбандҳои калон ба сарбанди 300 - метрии ин нерӯгоҳ гувоҳиномаи байналмилалии сифатро ҳамчун олитарин дастоварди тафаккури муҳандисӣ тақдим кард. Сарбанди Роғун аз зилзилаи беш аз 9 балл ҳам осеб нахоҳад дид, дар сурате ки таърих ҳатто зилзилаи беш аз 6 баллро дар ин минтақа дар ёд надорад.
Жиа Жиншенг- раиси Комиссияи байналмилалии сарбандҳои калон, ки порсол ба Душанбе сафар дошт, изҳор намуд, ки бунёди сарбандҳои калон барои Тоҷикистон масъалаи ҳаётӣ мебошад.
Роберт Блейк- муовини Котиби давлатии ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ моҳи феврали соли 2009 изҳор дошт, ки мо аҳамияти истиқлоли энергетикии Тоҷикистонро дарк ва талоши Ҳукумати онро дар ин самт дастгирӣ мекунем.
Қаблан бо фармоиши ширкати «РУСАЛ» ширкати олмонии «Лаҳмайер интернатсионал» таъкид кард, ки ин иншоот аз амнияти экологӣ бархурдор аст. Инчунин Струан Стивенсон- масъули бахши экологияи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар номаи худ ба унвони Ежи Бузен- раиси порлумони Аврупо ва Дэвид Кэмерон- сарвазири Ингилистон гуфт, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун барои минтақа муфид ва манбаи энергияи арзон ва тоза аз нигоҳи экологӣ буда, эҳтиёҷоти ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистону Покистонро бароварда месозад ва дар сурати баҳраварии босамари об масъалаи тақсими ноодилонаи захираҳои обии минтақа аз миён меравад.
Обанбори Роғун аз ҳисоби саҳми оби худи Тоҷикистон аз Вахш, ки рӯдхонаи дарунмарзӣ ҳисоб мешавад, пур хоҳад шуд. Тоҷикистон борҳо ба кишварҳои поёноб кафолат додааст, ки бо он миқдор обе, ки аз Ому ҳоло истифода мебаранд, таъмин хоҳанд гашт.
Шубҳае нест, ки дар оянда Тоҷикистон ба бузургтарин бозори барқи минтақа табдил хоҳад ёфт. Барои харидории барқи мо Афғонистон ва Покистон изҳори омодагӣ кардаанд. Ҳанӯз соли 1992 Покистон хоҳиш дошт, ки барои сохтмони Роғун 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад ва Тоҷикистон дар баҳои он ӯҳдадор шуд, ки тайи 20 сол ба Покистон 5 миллиард КВт -соат нерӯи барқ интиқол диҳад, вале ҷанги шаҳрвандӣ ин қарордодро нақше бар об сохт. Покистону Афғонистон эҳтиёҷи рӯзафзуне ба нерӯи барқ доранд, зеро бахше аз минтақаҳояшон аз ин энергия маҳруманд. Дар ин ду кишвар арзиши як КВт -соати барқ беш аз 7-8 сент, вале дар Тоҷикистон 2 сент мебошад. Агар ин ду кишвар барқи моро бо нархи 5 сент харидорӣ намоянд, арзи ҳангуфте ба хазинаи давлат ворез мешавад. Алъон бунёди хати 1000 мегавата бо сармояи 700 миллион доллар ба нақша гирифта шуда, ки қарор аст нерӯи барқи барзиёди Тоҷикистонро ба ин ду кишвар интиқол диҳад. Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА изҳор доштаанд, ки сармояи оғозинро баҳри иҷрои ин тарҳ хоҳанд гузошт.
Давлат ва миллати Тоҷикистон тасмими ҷиддӣ доранд, ки нерӯгоҳи Роғунро бунёд созанд ва ба истиқлоли энергетикӣ даст ёбанд. Ба ин тасмим як зарра шубҳа набояд кард. Мо Роғунро месозем ва ба истиқлоли энергетикӣ даст меёбем.

А. СОЛЕҲИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед