logo

илм

Ҳисоби вақт – дастоварди бузурги тамаддуни башарӣ

Инак, боз як соли садаи равон гузашт. Ва аз рӯзи соли нав, ҳисоби нави вақти гардиши навбатии Замин- хонаи зебои инсон атрофи хуршед – сарчашмаи ҳамеша нурафшону ҳаётбахш оғоз меёбад.
Ҳисоби вақт чун кашфи филиз, хату барқ, яке аз дастовардҳои бузурги инсоният ва бахши муҳими тамаддун аст. Он тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфт ва рушд намуд. Тақвимҳо, солшумориҳо, ихтирои соат ва ғайра, натиҷаи заҳмати садҳо фарзандони хирадманди инсоният, аз ҷумла орёиаслҳо мебошанд.
Дар таърихи ҳисоби вақт, номи фарзандони орёӣ- Орёбҳото, Яҳё Абӯмансури Марвӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва Насруддини Тӯсӣ дар радифи Пифагор, Аристарх, Эвдокс, Гипарх, Евклид, Птоломей, Ши Жэн, Коперник, Браге, Кеплер, Галилей, Нютон, Гюгенс, Эйнштейн ва дигарон қарор доранд.
Одамон ҳанӯз дар асри санг ҳисоби одии вақтро мебурданд, ки осори он дар байни қабилаҳои дар зинаи ибтидоии ҷомеаи инсонӣ қарордошта, хуб боқӣ мондааст.
Гузариш аз шикору ҷамъоварии неъматҳои табиат ба истеҳсолот – кишоварзӣ ва чорводорӣ, ташаккули аввалин давлатҳо зарурати ҳисоби вақт ва тартиб додани тақвимҳо ва солшумориҳоро ба миён овард.
Ковишҳои бостоншиносӣ муайян карданд, ки минтақаи Миёнарӯди Шарқ макони пайдоиши аввалин тамаддуну давлат дар ҷаҳон аст. Ва донишмандони Бобули бостон, дар асоси омӯзиши гардиши Моҳу Хуршед ва сайёраҳо якумин шуда солро ба 365 шабонарӯз ва ситораҳои осмонро ба дувоздаҳ бурҷ (галаситора) тақсим карданд.
Барои осон шудани ҳисоби рӯзҳои сол, онҳоро ба 12 моҳ , як моҳро ба 29-30 шабонарӯз, яъне атрофи меҳвари худ як давр задани Заминро ба 24 соат, як соатро ба 60 дақиқа, як дақиқаро ба 60 сония, давраро ба 360 дараҷа тақсим намуданд. Соатҳои офтобӣ ва региро сохтанд.
Бо густариши истеҳсолот чунин ҳисоби вақту дигар дастовардҳои бузурги тамаддуни Байнирӯд ба минтақаҳои ҳамҷавор низ паҳн шуданд.
Дар аҳди бостон, соли мардуми орёнасл ҳам аз 365 шабонарӯзи ба 12 моҳ ҷудо гардида иборат буд. Ҳар як моҳ аз 30 ва дар ҷамъ- 360 шабонарӯз иборат буд ва панҷ рӯзи боқимондаро ба охири сол ҳамроҳ мекарданд.
Чаро рӯзҳои моҳро ба ҳафтаҳо тақсим карданд? Аслан барои осон шудани ҳисоби рӯзҳои моҳ буд. Дар натиҷаи таҷрибаву ҷустуҷӯйҳои хеле тӯлонии одамони тамаддунҳои аҳди бостон, тарзи содаи ҳисоби рӯзҳои Моҳ- «ҳафта»-ро кашф карданд, ки оғозу анҷоми ҳар як моҳи оянда, аз он вобаста набуд.
Давоми чор-панҷ ҳазор соли охир, дар тақвими тамаддунҳои аҳди куҳан, ҳафта аз се то даҳ рӯзро дар бар мегирифт. Чунонки дар Миёнарӯду Орёнзамин ҳафтаи ҳафтрӯза ҷорӣ буд, ки он аввалин осори тақсими рӯзҳои моҳ ба ҳисоб меравад. Дар Мисру Юнон ҳафтаи даҳрӯза ва дар Рум- ҳаштрӯза мавриди истифода буданд.
Ҳафтрӯза шудани ҳафтаи Моҳ решаҳои басо куҳани асотирӣ - динӣ дорад. Чунонки дар бархе аз оинҳои куҳан омада, ки Офаридгор Оламро дар ҳафт рӯз бунёд кардааст. Расадхона (зиккурат)-и Бобул бинои ҳафтошёнаи бузург буд ва онро махсус чунин сохта буданд. Дар Осмон низ ҳафт ҷирми гардон- Моҳ, Хуршед ва панҷ сайёра буданд.
Ба ин сабабҳо, аз даврони хеле дур рақами «ҳафт» муқаддас ба шумор мерафт.
Дар забони тоҷикӣ калимаи «ҳафта» шумора аст, вале дар ҳисоби вақт, он як бахши рӯзҳои моҳ мебошад, яъне маънои «ҳафт рӯз»-ро дорад.
Калимаи «шанбе», ки асрҳо боз дар забони форсӣ- тоҷикӣ маълум аст, дар луғатҳои асримиёна дар шакли «шанбид» ва «шанбеҳ» низ вомехӯрад. Тахминан, он аз калимаи «шанбе»-и шохаи бобулии забони сомӣ буда, дар ҳазорсолаи яки то милод, маънои «рӯз»-ро ҳам дошт.
Бешубҳа, калимаи «шанбе» бо густариши дини ислом ва забонҳои арабиву форсии нав, ба Орёнзамин паҳн шуд. Дар ин кишвар ба он шумораҳои «як-панҷ»-ро ҳамроҳу номҳои нави рӯзҳои ҳафта- «якшанбе»- якум рӯз, «душанбе»-дуюм рӯз ва ҳоказоро тартиб доданд.
Калимаи «ҷумъа» арабист ва форсизабонон онро «одина» ҳам меноманд. Тахминан он шакли таҳрифшудаи номи куҳани «рӯзи Аноҳит» ё «Ноҳид» аст.

Усмони ЭШОНЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед