барқияҳо
Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак
3 январи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак барқияи тасаллият ирсол дошт, ки дар он омадааст:
Ман бо тамоми ҳастӣ таркиши дар назди калисои Қиддисини вилояти Искандария рухдодаро маҳкум намуда, ба наздикон ва хешу таборони қурбоншудагон арзи тасаллият ва ҳамдардӣ менамоям.
Парвардигор диёри Миср ва мардуми онро аз ҳама гуна бадиҳо ва макрӯҳот нигоҳ дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3601