logo

мақолаҳо

Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ

Эмомалӣ  РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати тамаддуни халқи тоҷик, бахусус давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омадаанд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд. Аз баракати заҳмат ва корномаи пурвусъату башардӯстонаи онҳо сиришти фитрӣ ва ҳувияти таърихию фарҳангии миллат ҳифз шуд ва барои инкишофи ояндаи он заминаи муносиб  ба вуҷуд омад.
Ҳар қавму халқ ба арзишҳои таърихии худ ҳамеша ниёзмандии зиёд дорад. Ва ин арзишҳо пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мегардад. Бо роиҷ гаштани ислом барои халқи тоҷик равзана ба ҷаҳони дигаре кушода  шуд.  Фарҳанги миллӣ бо фарҳанги исломӣ омезиши рангине пайдо кард. Дар навбати худ арзишҳои таърихии халқи тоҷик фарҳанги исломиро боз ҳам ғанӣ гардонданд.
Дар амри хайри эҷоди арзишҳои миллию таърихӣ фарзандони бузурги халқи тоҷик - Имом Исмоили Бухорӣ, Оли Бармак, Яъқуб ва Амри Лайси Саффорӣ, Оли Сомон ва бахусус намояндаи ин хонадони бонангу номус - Исмоили Сомонӣ нақши барҷаста ва бегазанд доранд.
Дар ин силсилаи заррин фарзанди  фарзонаи халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит низ мақоми хосаеро соҳиб аст.
Корномаи ин шахсияти бузург ва   нобиғаи асил дар дунёи илму маонӣ то ба ҳанӯз асрори зиёди нокушуда дорад, ки пажӯҳиши доманадорро тақозо менамояд. То имрӯз сари мавзӯи ватани аҷдодӣ ва насабу куняи ӯ баҳсу мунозираҳо идома доранд.  Аммо таъкиди ин ҳақиқат бамаврид аст, ки аксари муаллифони пешин ва муҳаққиқони муосир эътироф намудаанд, ки Имоми Аъзам бидуни шаку шубҳа аслан тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони Бузург, саҳеҳтар гӯем, аз шарқи ин хиттаи бузург будааст, ки дар он ҷо аҷдоди асили тоҷикон зиндагӣ доштанд ва фарҳанги пурбори ҷаҳоншумулро эҷод намуданд.
Муҳимтар аз ҳама асрҳои V-VI марҳилае буд, ки раванди инкишофи тамаддуни халқи тоҷик вусъати тоза гирифта буд. Имоми Аъзам ва аҳли хонадонаш аз ашрофзодагони тоҷик маҳсуб меёфт. Тибқи санадҳои таърихӣ ин хонаводаи шарифу   бонуфуз дар хиттаи Кобули таърихӣ ё Бомиён ва мутобиқи баъзе маълумотҳо дар Марв ё шимоли Бохтар иқомат доштааст. 
Баъде ки футуҳоти исломӣ ба самти шарқи Хуросон тавсеа ёфт, дар оғози солҳои 60-уми қарни VII Кобул фатҳ гардид. Бар асари ин бобои Абӯҳанифа – Марзбон,  сарвари бонуфузи қавм, асир гирифта шуд. Вале ӯ баъдан ба шарофати донишу хиради бузургаш сазовори унвони мавлои қабилаи арабии Банӣ Тайм гардид. Қобили зикр аст, ки ин хонадон бо вуҷуди шароити ниҳоят номусоид ва ногувори рӯзгор хиради  модарзодӣ ва азалиро дар замири хеш маҳфуз дошт. Чунин бархурдорӣ аз маърифат то ба давроне мондагор шуд, ки  фарзанди Марзбон - Собит ба Куфа нақли макон кард ва дар ин шаҳри форстаборон зиста, сарватманд гардид. Ҳам сармояи илм бардошту ҳам сармояи моддӣ. Қобили зикр аст, ки дар ин шаҳр ориётаборони зиёде умр ба сар мебурданд. Ҳамин буд, ки рӯзу рӯзгори ин мардум  ба тақвияти асолату ҳувияти қавмӣ ва таърихии хонадони Собит низ мусоидат намуд.
Бояд таъкид кард, ки солҳои 60-90-уми асри VII барои дини мубини ислом давраи ниҳоят ҳассос буд. Хилофати араб ба давлати бузургтарини давр табдил ёфт, ки он қаламрави васеи музофотӣ ва минтақаҳои пешрафтаи саросари ҷаҳонро фарогир шуда буд. Акнун бинобар таҳаввулоти иҷтимоӣ зарурате пеш омада буд, ки паҳлӯҳои зиёди рӯзгори мардум ба танзим оварда шаванд. Чунин рисолатро танҳо дини мубини ислом бо муқаррароти  шаръии худ дар ҳамон давр ба анҷом расонда метавонист. Бинобар ин он ба озмоишу имтиҳони бузурге мувоҷеҳ гардид. Дар ин марҳила китоби осмонии Қуръони Карим ва ҳадисҳои набавӣ дастури бузурги зиндагии мусулмонон гардиданд, вале гузашти рӯзгор масоили зиёд ва нав ба нави иҷтимоиро дар пешорӯи  инсонҳо қарор медод. Яъне низоми ҷомеа пайваста ислоҳоту такомулро тақозо дошт. Бесабаб нест, ки  муборизаи шадиди динӣ-маънавӣ ва сиёсӣ-иҷтимоӣ ҷараён гирифта, калом, фалсафа ва тасаввуф  зуҳур намуданд.
Маҳз дар чунин даврони сарнавиштсоз дар рӯзи аввали баҳор - Наврӯзи Аҷам дар хонадони Собит фарзанди ягона ва солеҳе ба дунё омад, ки ӯро Нӯъмон номиданд. Ин тифли маъсум, ки аз ибтидо хушманишу дидадаро буд, ҳушманду озода ба камол мерасид. Қуръони Каримро дар айёми наврасӣ ҳифз кард. Улуми дигарро аз устодони маъруф ва фозил фаро гирифт. Баъдан шуғли аҷдодиро пеша намуд. Дар 15 - солагӣ ҳамроҳи қиблагоҳи худ ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуд. Дар фосилаи ин фурсати муносиб бо яке аз саҳобагони Расули Акрам мулоқот намуд ва ин сӯҳбати муфид ӯро аз зумраи тобеин гардонид.  Омӯзиши фарогир дар назди фақеҳи машҳур Ҳаммод ибни Сулаймон  ӯро ба мартаба  расонд.
Ба зудӣ дар зиндагии  ӯ гардиши қатъӣ рух дод: ӯ худро батамом ба омӯзиши улуми исломӣ бахшид. Майдони аслии омӯзишу талошҳои ӯ калом буд. Ин замоне буд, ки баҳси каломӣ меҳвари талошҳои илмӣ ва ақлонии уламо маҳсуб меёфт. Аҳли илму маърифат дар маҳфилҳои хеш таҳқиқи каломро ба мавзӯи асосии баҳсу мунозира қарор медоданд. Абӯҳанифа дар онҳо ширкати фаъол ва сухани бикру қотеъи худро дошт. Ҳамин буд, ки дар муддати кӯтоҳ мақоми баландтаринро касб намуд. Бахши умдаи осори ӯ мавзӯоти каломиро дар бар мегирад ва аввалтар аз ҳама нерӯи бузурги тафаккури каломии ӯро ифода мекунад. Устодаш Ҳаммод қабл аз вафоти худ сарварии ҳавзаи илмии Кӯфаро бар ӯҳдаи Абӯҳанифа вогузор месозад. Аз ин пас давраи камолоти эҷодии Имом фаро мерасад. Дар он айём беш аз 700 нафар шогирд дошт.
Имрӯз замоне фаро расидааст, ки андешаҳо ва ақоиди каломии ин мутафаккири бузург мавриди омӯзиш ва баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор гиранд. Ин вазифаи шарафмандонаи муҳаққиқони имрӯза ва оянда аст.
 Мо мероси гузаштаи маънавӣ ва шахсиятҳои барӯманди илмӣ, динӣ, адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии халқи худро бояд хуб шиносем ва бо истифода аз осори ғанӣ ва боарзиши онҳо ҷомеаи имрӯзаро дар рӯҳияи эҳтиром ба гузаштагон тарбия карда, ба ин васила як давлати озод, обод, орӣ аз таассубу ихтилоф эҷод намоем. Ҷаҳони маънавии ҷавонони худро ғанӣ созем, зеро ояндаи кишвару давлат ба шахсият, дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллии онҳо сахт вобаста мебошад.
Ба эътирофи ҳамагон майдони аслии корномаи бузург ва таърихии Имоми Аъзам  фиқҳ, яъне илми шариат, будааст. Таваҷҷӯҳ ва руҷӯъи ӯ ба фиқҳ амри қонунӣ буд: бо фарогирии амиқ ва комили улуми исломӣ ӯ возеҳан дарк намуд, ки фиқҳ тарзи саҳеҳ ва дурусти муайян намудан ва татбиқ сохтани аҳкоми Қуръон ва суннати Расули Акрам дар ҳаёти уммати исломӣ мебошад, ки бо анбӯҳи азим ва рӯзафзуни масоил, мушкилот ва печидагиҳои иҷтимоӣ ва ақидатӣ-фикрӣ рӯ ба рӯ буд ва ба дастури саҳеҳ  ниёз дошт.
Табиист, ки манбаи бунёдӣ ва асоситарини низоми фиқҳии ислом аҳкоми Қуръон буд, ки шариати исломиро муайян месозад. Вале шинохту дарки саҳеҳи ин аҳком ҷаҳди воқеӣ ва пайвастаро тақозо менамуд. Имом Абӯҳанифа ин амрро беҳтар ва бештар аз дигар муҷтаҳидон дарк намуд ва дар ин ҷода талошу пайкори хастагинопазир дошт. ӯ дар ин росто аз манобеи зиёд истифода намуд, аз афроди   огоҳ омӯхт, борҳо ба марказҳои муҳими улуми динӣ сафар кард ва дастовардҳои онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Имом намунаи ибратбахши шахсияти бузурги сидқан мутадайин, худошиносу худотарс гардид. ӯ бо камоли масъулият ва сидқи комил дар асоси Қуръони Маҷид, аҳодиси набавӣ ва суннати паёмбари ислом рафтор ва иҷтиҳод мекард.
Ҳазрати Имом хислатҳои ҳамида дошт. Камсухан буд, озода мегашт. Таърифу худнамоиро дӯст намедошт. Насиҳаташ ин буд, ки султони даврро эҳтиром гузоред ва дар пешаш дурӯғ нагӯед. Саховатпеша бошед. Аз сухани ҳақ истиҳола накунед, агарчи дар рӯ ба рӯятон шоҳаншоҳ истода бошад.
Имом Абӯҳанифа равиши дақиқ ва эҳтиёткоронаро дар мавриди суннат ба сифати масдари дуввуми фиқҳи исломӣ ҳамчун қонуни зиндагии мусулмонон интихоб намуд. Ин амр қабл аз ҳама баёнгари сидқи қалбии ӯ ба суннат буд. Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки он айём ҳанӯз илми ҳадис пурра ташаккул наёфта ва ҳадисҳои саҳеҳ тадвин нагардида буданд. Иловатан, дар шароити шиддати рӯзафзуни муборизаи сиёсӣ ва мухолифатҳои динӣ имкони амалии тағйиру таъбири носаҳеҳ ва таҳрифи ҳадисҳо мавҷуд буд.
Тавре маълум аст, иҷмоъ ҳамчун ҳукмбарории дастаҷамъии муҷтаҳидон сарчашмаи саввуми фиқҳи исломӣ дониста мешавад. Аммо раванди эътибори мустақилу шаръӣ касб кардани он хеле печида буд ва ин падида дар шароити бархурдҳои шадиди фикрӣ  ҷараён дошт. Дар ин росто масъалаҳои зиёд, қабл аз ҳама меъёри возеҳи ҳаққи иҷтиҳод, сифатҳои муҷтаҳид, ҳадди раъй,  таҳия ва тасвиби иҷмоъ, мавзӯи баҳсҳои тӯлонӣ буданд. Дар навбати худ иҷмоъ, дар шаклгирӣ ва рушди фиқҳи исломӣ ҳамчун низоми фарогир ва муассири ҳуқуқӣ   нақши боарзиш ва таърихӣ дошт. Иҷмоъ ба рушди андешаи исломӣ мусоидат намуда, рӯҳияи эҷоду  халлоқиятро тақвият бахшида, бунёди илмӣ ва ақлонии низоми фиқҳи исломиро нерӯманд сохт, созандагӣ, пешрафт ва рушдро ба самтҳои муҳими зиндагии иҷтимоии мусулмонон табдил дод. Аз ин ҷиҳат, хидмати Абӯҳанифа дар мавриди он ки ба иҷмоъ аз ҳайси эътибор ҳамчун сарчашмаи қонунгузории исломӣ мақоми мустақил додааст, хеле бузург мебошад. 
Барои мо маълум аст, ки тамаддуни исломӣ дар асрҳои IX-X рушду нумӯъ ёфта, ҷомеаи исломӣ ба ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ табдил гардид. Дар ҳамин равия иҷмоъ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифта буд ва «дарҳо»-и иҷтиҳод боз буданд. Бахши фаъолу нерӯманди ҷомеа арзишҳои бузурги пешина ва замонаро азбар карда, дар талоши таъмини мақоми пешоҳангии худ буд. Вале ин воқеиятро наметавон нодида гирифт, ки иҷмоъ бо мушкилоти муайяни айнӣ ва зеҳнӣ рӯ ба рӯ буд.
Аввалан, бинобар ҳассосияти масъалаҳои динӣ  дастёбӣ ба иҷмоъ амри ниҳоят мушкил буд. Бахусус дар давроне, ки саҳоба ва тобеин фаъолу эътибори динӣ ва иҷтимоии онон возеҳ ва мусаллам буд.
Дуввум, доираи масоил ва мавзӯоти иҷмоъ нисбатан маҳдуд буд.
Саввум, татбиқ ва амалкарди иҷмоъ барои уммати исломӣ бинобар густариши қаламрави андеша ва шиддати рӯзафзуни ихтилофу зиддиятҳои ақидатӣ-фикрӣ ва иҷтимоӣ яксон ва умумӣ набуд.
Чаҳорум, ташаккули иҷмоъ ба сифати  яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини фиқҳи исломӣ дар шароити пайдоиш ва шаклгирии равияҳои мафкуравӣ (калом ва фалсафа) ва соҳаҳои муҳими улуми суннатӣ ба шумули таърих, ҷуғрофия, нуҷум, риёзиёт, тиб ва ғайра ҷараён мегирифт. Ин амр, албатта, ба мазмун, чаҳорчӯбаи мавзӯот ва хусусиятҳои иҷмоъ таъсири амиқ дошт.
Панҷум, иҷмоъ ифодаи возеҳи зарурати таърихӣ ва ҳаётии посух гуфтан ба таҳаввулоту тағйирот ва падидаҳои навини иҷтимоӣ буд, ки онҳо мазмуни печида ва норӯшан доштанд ва ин амр таъбиру тафсири айнии онҳоро мушкил  месохт.
Бо дарки омилҳои зикршуда ва тақозои рӯзафзуни ҷомеа Имом Абӯҳанифа беш аз пеш ба истифодаи сарчашмаи дигари фиқҳи исломӣ - қиёс даст зад. Дар ҳамин замина қиёс ба майдони фарохтар ва васеътари истифодаи далоили мантиқӣ ва ақлонӣ табдил ёфт.
Аз ҳамон давра инҷониб аз чор се ҳиссаи донишҳои марбут ба фиқҳ, ки аз Қуръон ва суннат гирифта шудаанд, ба Имоми Аъзам дахл доранд. 
Тавре интизор мерафт, қиёс мавриди баҳс ва ҳатто ихтилофу зиддияти гурӯҳҳои дорои назари хос ва шинохти догматикӣ гардид, ки дар ҳаллу фасли масоили фиқҳӣ онҳо аслан ҷонибдори истифодаи тақлид ва зоҳирии аҳкоми Қуръон ва ҳадисҳо буданд. Қиёс бо аҳком ва нукот пайванди табиӣ ва мантиқӣ дошт. Масоиле, ки дар ҳаллу фасли онҳо қиёс мавриди истифода қарор мегирифт, зотан дорои хислат ва мазмуни муштарак, мушобеҳ ва гузашта аз ин ба амалияи иҷтимоӣ ниҳоят наздик мебошанд.
Бахусус таъкид мебояд намуд, ки сарчашмаи бунёдӣ ва аслии қиёс  аҳкоми Қуръон ва ҳадисҳои   Расули Акрам аст. Қиёс пайванди зотӣ ва усулии ононро ҳифз намуда, ҳамзамон тобишҳо ва мураккаботи сохтори иҷтимоии башарро бештар ва беҳтар мадди назар мегирифт ва дар танзими паҳлӯҳо ва бахшҳои печидаи он нақши муассир касб менамуд.
Амиқрафти рӯзафзуни қиёс дар фиқҳи исломӣ тадриҷан ба он мусоидат кард, ки низоми ташаккулёбандаи фиқҳ хислати нисбатан васеътарро касб намояд. Ба шарофати он тамаддуни исломӣ нерӯи азиме гирифта, осору арзишҳои бузурги башариро аз бар намуд.
Имом Абӯҳанифа бо нубуғ ва заковати фитрии хеш ба дурустӣ дарёфт, ки урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ метавонанд сарчашмаи муассири танзими зиндагӣ ва умуман иҷтимоиёти одамон гарданд. Ин арзишҳо ҳосили таҷрибаи тӯлонӣ буда, дар масири таърих бо заковату хиради инсон ва таҳаммулпазирии иҷтимоӣ такмил ёфтаанд. Табиист, ки мазмуни таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавии онҳо мураккаб ва баъзан зиддиятнок аст. Ин асл мазмуни воқеӣ ва возеҳи инсонгароӣ дорад. Онҳо дар мафкураи таърихӣ ва ҷаҳоншиносии иҷтимоии миллату халқиятҳо мақоми боарзишеро соҳиб мебошанд.
Ин воқеият муҳим буд, ки меъёру арзишҳои онҳо аксаран бо усулу арзишҳои динҳои бузурги ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама дини мубини ислом, мутобиқ карда мешуданд. Бо дарку шинохти возеҳи ин амр Имоми Аъзам корбурд ва истифодаи васеи ин ниҳодҳои муассири иҷтимоиро салоҳ ва матлуб медонист. Қобили зикри хос аст, ки ин амр омили ниҳоят муҳими ташаккулу густариши мазҳаби ҳанафӣ ва ба як мазҳаби бузургтарини дини ислом табдил ёфтани он гардид.
Корбурди васеи усул, шеваҳо ва ниҳодҳои мазҳаби Имоми Аъзам дар чаҳорчӯби мактаби фиқҳи ӯ нақши муассир ва тӯлонӣ дошт. Ташаккули чунин мактаб аз хидматҳои таърихии  Имоми Аъзам аст. Шогирдону намояндагони маъруфи он, қабл аз ҳама имом Абӯюсуф ва имом Муҳаммади Шайбонӣ, дар гирдоварӣ ва шаклдиҳии низоми ақидатӣ ва фиқҳии ӯ нақши бузург доштанд. Ба шарофати хидмати онҳо ин низом ҳифз шуд, побарҷо монд ва такмил ёфт. Ҳамзамон  нақши онҳо дар рушди асосҳои фиқҳӣ ва бахусус татбиқи амалии усулу ниҳодҳои он дар арсаҳои гуногуни зиндагии иҷтимоӣ, таърихӣ ва маънавӣ носутурданист.
Ташаккул ва таҳаввули таърихии мазҳаби ҳанафӣ ба зарурати танзими беҳтар ва васеътари умури иҷтимоӣ вобаста буд. Ин ниёзи таърихӣ тадвини ҳадисҳои саҳеҳро амри воқеӣ намуд, ки натиҷаи матлуби он силсилаи китобҳои ҷомеи ҳадисҳои саҳеҳ буд. Намунаи барҷастаи онҳо «Ҷомеъ-ас-Саҳеҳ»-и фарзанди бузурги халқи тоҷик Имом Исмоили Бухорӣ мебошад. Ин воқеиятро набояд фаромӯш сохт, ки аксари мураттибон ва тадвингарони маҷмӯаҳои мӯътабар ва эътирофшудаи ҳадисҳои саҳеҳ намояндагони халқи тоҷик буданд. Тадвини ин маҷмӯаҳо бунёди динӣ-ҳуқуқии фиқҳи исломӣ ва бахусус мазҳаби фиқҳии ҳанафиро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшид.
Маъхазҳои гуногуни таърихӣ гувоҳанд, ки Имоми Аъзам ва мазҳаби фиқҳии ӯ дар ҳифз ва тақвияти асолати қавмӣ-миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва   арзишҳои фарҳангии динии халқҳои шомили Хилофати исломӣ нақши бузурги таърихӣ доштанд. Агар имрӯз халқҳои мусулмони дорои асолату ҳувияти том, забон, фарҳанг, урфу одат ва суннату анъаноти хосу нотакрори таърихӣ фаъолияти босамар ва созанда дошта бошанд, пас дар ин амр хидмати арзандаи ин бузургмард ва мазҳаби ӯ хеле хуб возеҳ мегардад.
Хидмати ӯ махсусан дар ҳифз ва тақвияти асолати таърихӣ ва фарҳангии халқи мо бесобиқа бузург ва шоистаи қадрдонист. Давраи зиндагии Имоми Аъзам ва ташаккули мазҳаби фиқҳии ӯ марҳилаи  таърихии ниҳоят ҳассос ва нозук маҳсуб меёфт. Ин давроне буд, ки заминаҳои муносиб барои ташаккул ва инкишофи давлатдории  миллӣ мавҷуд набуданд, усул ва арзишҳои миллӣ бо сабаби ривоҷи сиёсати афзалиятхоҳӣ ва моҳиятан империи Хилофат амалан рад мешуданд, ҷараён ва созмонҳои ифротӣ ва тундрави динӣ фаъолияти густурда доштанд, доираҳои бузурги аъёну ашрофи маҳаллӣ усулу арзишҳои фарҳанги ҳокимро пазируфта, асолати миллӣ-таърихии худро аз даст медоданд, асолати халқҳои бостонӣ ва соҳибтамаддун босуръат коҳиш меёфт. Фақат чанд омил, пеш аз ҳама шеваҳои устувори фарҳангӣ-тамаддунӣ ва густаришу тақвияти ҳаракати озодихоҳӣ, ба ҳифзи асолати таърихии халқҳои тобеи Хилофат мусоидат менамуданд.
Дар чунин даврони ҳассос Имом Абӯҳанифа забони модарии худ - тоҷикиро ҳамчун забони дуввуми ибодати динӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷоиз дониста, ба хотири ҳифзу нигаҳдошти он асосҳои шаръиро таъмин намуд.
Чунин хидматҳои таърихии Имоми Аъзам исботи возеҳи он аст, ки ислом ба забон ҳамчун зербинои аслии ҳувият ва ҳастии халқу миллатҳо мухолифат надорад. Халқи мо бо иршоду раҳнамоии чунин нобиғаҳо ва бузургони худ забонро ҳамчун гавҳари ноёб дарёфт ва онро бо ҳама васоили  имконпазир ҳифз намуд, равнақ бахшид ва шӯҳраи офоқ сохт.
Мақоми баланд касб намудани забони тоҷикӣ омили тақвияти худогоҳӣ ва инкишофи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик гардид. Қобили таъкид аст, ки пайравии халқи тоҷик аз мазҳаби ҳанафӣ боиси таҳкими ваҳдат ва муттаҳидии он гардида, ба густариши ҷараёнҳои тундрав ва ифротӣ, созмонҳо ва равияҳои ифротӣ монеъ шуд. Имоми Аъзам мефармояд, ки ягонагии пиндор, гуфтор ва кирдори аҳли ҷомеа шарти бақо ва ҳастии ҳар як миллат аст. Зиёда аз он, мазҳаби ҳанафӣ баъзе аркон ва унсурҳои ҳувияту сирати поки миллӣ, қабл аз ҳама ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ, эътидол ва донишандӯзиро тақвият бахшид. Мазҳаби ҳанафӣ бо рӯҳ ва мазмуни ҳастии таърихии халқи мо созгор афтод.
Тавре ки маълум аст, мазҳаби ҳанафӣ маҳз тавассути фарзандони фарзонаю рисолатпешаи сарзамини хуршедии Хуросон дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ, Осиёи Хурд, ғарби Чин ва Ҳинди таърихӣ, баъдан тавассути он дар бахше аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ густариш ёфт ва мазҳаби ҳоким гардид.  То кунун дар Мисру Сурия, Урдуну Ироқу дигар кишварҳо ҳангоми додани фатво аз аҳкоми мазҳаби ҳанафӣ истифода мебаранд. Мақоми арҷманди ҳанафия сабабгори он шуд, ки анъана, расму оин, арзишҳои писандидаи миллӣ, меъёрҳо ва аркони сохти иҷтимоии ҷомеаи суннатии тоҷикон (бахусус, таҳаммулпазирӣ, фарҳанги ҳамкорӣ, ҳусни муошират ва равобити ҳасанаи иҷтимоӣ)  ва анъанаҳои  давлатдории мо дар минтақаҳои таърихан муҳими ҷаҳон тавсеа ёбанд. Ба баракати ин раванд забони тоҷикӣ забони аслии идора, фарҳанг, адаб ва муоширати байни халқҳо ва қавмҳои шимолу маркази Ҳинди таърихӣ гардид ва ин мартабаи волои худро муддати тақрибан 700 сол ҳифз намуд. Адабиёти тоҷикию форсӣ дар ин хиттаи бостонӣ ба авҷи худ расид ва Ҳинд то оғози қарни ХХ маркази маъруфи адабу фарҳанги тоҷикӣ буд. Шоирони барҷастаи тоҷикзабони Ҳинд - Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб ва Муҳаммад Иқбол ифтихори адабиёти оламшумул ва пурғановати мо мебошанд.
Улуми исломӣ, мактабҳои каломӣ, тариқатҳои тасаввуфӣ ва аркони дигари тамаддуни исломӣ аз Хуросони Бузург дар кишвари Ҳинд низ паҳн гардиданд. Дар ин замина  улуми исломӣ,  тасаввуф ва адабиёти орифона ба зудӣ васеъ рушд ёфта, натиҷаҳои амалии онҳо баъдан дар Хуросон ва Мовароуннаҳр мавриди истифода қарор гирифтанд. Барои мисол тарҷумаи тоҷикии Қуръон, ки аз ҷониби муфассир ва муҳаққиқи маъруфи Ҳинд шоҳ Валиуллоҳи Деҳлавӣ дар асри ХVIII анҷом дода шуд, бинобар саҳеҳ, сода, равон ва хушоҳанг буданаш на фақат дар Ҳинд, балки дар Осиёи Марказӣ, Эрон ва Осиёи Ғарбӣ низ васеъ паҳн гардид. Гузашта аз ин, он дар садри тарҷумаҳои зиёди тоҷикии Қуръони Карим қарор гирифт. Ва ниҳоят дар даврони истиқлолияти миллии мо таҳия, тарҷума ва чопи Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ анҷом пазируфт, ки он ҳоло ба китоби рӯидастии  шаҳрвандони кишвар табдил ёфтааст.
Таърих гувоҳ аст, ки асрҳои ХVI-ХIХ бинобар омилҳои зиёди айнӣ ва зеҳнӣ, бахусус ҳуҷумҳои паиҳами қабилаҳои саҳронишин аз шимол, поин рафтани нақши транзитӣ ва тиҷоратии роҳҳои хушкии байниминтақавӣ ва тиҷорат дар Осиёи Марказӣ, боло гирифтани хурофот, таассуб ва ихтилофу зиддият ва ғайра даврони рукуд ва таназзули иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буданд.
Дар чунин даврони мураккаб мазҳаби ҳанафӣ боз ба ҳифзи асолат ва наҷоти халқҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кард. Маҳз ба шарофати он   арзишҳои волои тамаддуни тоҷикон мақоми баланди иҷтимоии худро дар минтақа аз даст надоданд. Бо назардошти чунин мақом ва ҷойгоҳи муносиби мазҳаби ҳанафӣ бузургмардони ин давра - Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил ва аллома Аҳмад Махдуми Дониш ҳимоят ва пуштибонӣ аз мазҳаби Имоми Аъзамро дар маҷмӯъ рисолати бошарафи худ ва мусулмонон медонистанд.
Давроне, ки дар Шарқи исломӣ ҷараёни маорифпарварӣ ташаккул ёфта, ҷунбиши ислоҳоту навсозӣ ба зуҳур меомад ва бо мурури замон вусъат меёфт, аён гардид, ки мазҳаби ҳанафӣ бинобар равзанаи кушодаю васеъ, таҳаммулпазирӣ, созгорӣ бо далоили зеҳнию мафкуравӣ, ақлонӣ ва мантиқӣ ба зиндагии ҳаррӯза ва ниёзҳои иҷтимоии инсон пайванди ногусастанӣ дорад ва ба раванди тағйиру таҳаввули босуръати муосир посухгӯ мебошад. Вале бо камоли таассуф бояд зикр намуд, ки дар асри ХХ ин нерӯи азими маънавӣ дар сатҳи матлуб истифода нагардид.
Дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХI мо шоҳиди таҳаввулоти азим ва аслан бунёдӣ мебошем, ки мазмуни ниҳоят мураккаб ва зиддиятнок дорад. Ин зуҳурот ба сарнавишти таърихии инсоният таъсири амиқи рӯзафзун ва пайваста хоҳад дошт.
Мо шоҳиди он гашта истодаем, ки селоби пурталотуми ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбати худ ба усулу арзишҳои асолатӣ ва ҳувиятии халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои таърихӣ таъсири   манфӣ низ мерасонад.
Муборизаи шиддатёбандаи кишварҳои қудратталаб ва сохторҳои гуногуни онҳо барои талоши дастёбӣ ба манобеи ҳаётӣ ва стратегии табиӣ ва иқтисодӣ барои ҳама кишварҳо ва халқҳо хатари   рӯзафзун дорад. Ин хавф барои кишварҳои исломӣ бештар ва возеҳтар аст, зеро ин кишварҳо дорои захираҳои азими табиӣ буда, дар нуқтаҳои ҳассоси геополитикӣ ва геостратегии дунё ҷо гирифтаанд.
Ташвишовар ин аст, ки дар раванди ин мубориза шеваҳо ва василаҳои номашрӯъ ва харобиовар, ки берун аз меъёрҳои байналмилалианд, васеъ истифода мешаванд. Баъзе давлатҳо ва доираҳои бонуфуз аз нерӯи гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба хотири манофеи геополитикии худ суиистифода менамоянд. Зиёда аз он, гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто террористие ба дасти дигарон сохта шуда, дар зери ниқоби дини мубини ислом ҳамчун василаи тахрибкорӣ  зидди давлатҳои мусулмонӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ва хеле таассуфовар аст, ки мақомоти ин давлатҳо то ҳанӯз ба чунин зуҳурот эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.
Табиист, ки сарчашмаи асосии равияҳо ва ҷараёнҳои тундрав ва ифротӣ мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, ба шумули камбизоатӣ, бекорӣ, шароити душвори зиндагӣ, сатҳи поини маърифат ва ғайра, мебошанд. Нерӯҳои муайяни сиёсии дохилӣ ба мушкилоти номбурда ҷомаи динӣ пӯшонда, бо ин иқдомашон барои  гурӯҳҳои ноогоҳ ва ғаразнок майдони аъмоли харобиоварро фарохтар месозанд.
Дар чунин шароит бегуфтугӯ ихтилоф ва бархурдҳои динӣ-мазҳабӣ шиддат мегиранд, зеро истифодаи дин ба ғаразҳои сирф сиёсӣ, табақавӣ ва хусусӣ амали таърихан озмудашуда мебошад. Вале ба ифтихор метавон таъкид сохт, ки таълимоти Имоми Аъзам ангезаҳоеро, ки дар натиҷаи онҳо мусулмон аз рӯи ғараз ва фитнаи дигарон хуни бародари мусулмонро мерезад, қотеона маҳкум менамояд. Аслан мероси ақидатӣ ва фарҳангии Абӯҳанифа дар таҳкими ҳамзистии осоиштаи тамоми мусулмонон, махсусан таъмини ваҳдати миллии тоҷикон, аҳамияти ҳаётӣ дорад. Воқеан ҳам мазҳаби Абӯҳанифа дар тӯли таърих ва ҳам дар рӯзгори иҷтимоии мардум ба омили муҳими ваҳдати миллӣ ва башарӣ, мусолиҳа ва таҳкими суботу оромии ҷамъият табдил ёфтааст. Мебояд, ки мо   аз ин таълимоти созанда дар  амали рӯзмарраи худ пурсамар истифода намоем.
Чунонки таъкид кардем, ҳоло ҳам  баъзе давлатҳо ва нерӯҳои мухталифи манфиатдор, гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ бо шиорҳои динӣ суботу амнияти кишварҳои рушдёбандаи мусулмониро зери хатар қарор медиҳанд. Барои пешгирии чунин падидаҳои номатлуб моро зарур аст, ки аз назария ва таҷрибаи рӯзгори Имоми Аъзам кор бигирем.
Он гурӯҳҳо ва доираҳои диние, ки нақши бузурги амалии мазҳабҳои дини исломро инкор менамоянд ва фирефтаи сармоягузории бегонагон мешаванд, дар ниҳоят арзишҳои суннатии исломиро нодида гирифта,  ихтилофу зиддиятҳои динӣ-мазҳабиро бармеангезанду заминаи кинаву адоват ва низоъро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд.
Имрӯз мо шоҳиди шиддатёбии   рақобату низои фарҳангҳо ва ташвиқи андешаи «бархурди тамаддунҳо» гашта истодаем, ки аз ҷониби доираҳои ғаразнок барангехта мешавад. Ин падида дар зоти худ хатари азим дорад ва пешгирии он вазифаи ҳар фарди солимандеш ва масъулиятшинос аст. Набояд фаромӯш кард, ки низоъҳои дар заминаи динию мазҳабӣ доманзада оқибат ба фоҷеаи миллӣ меоранд.
Дар чунин шароит бартарии нерӯи таҳаммулпарвар ва зиндагисози мазҳаби Имоми Аъзам комилан возеҳ мегардад ва моро ба роҳи ҳақ ҳидоят мекунад. Андешаҳои пурвусъати илмӣ ва инсонии Абӯҳанифа водор месозад, ки дар  чунин давраи таҳаввули босуръат мо ба нерӯи хирад, донишу маърифат, усулу арзишҳои зиндагисоз, гуфтору кирдори масъулонаи эшон такя намоем ва бо камоли огоҳиву дурандешӣ амал кунем. Вусъати назар, диди айнӣ ва амиқ, қудрати шинохти умдаи равандҳо ва падидаҳои печидаю пурихтилоф, рӯҳи солим ва иродаи матин, умеди мағфират аз Худованди азза ва ҷалла калиди аслии тавфиқу комёбиҳои навин ва ояндаи дурахшони мо мебошанд.
Зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ӯ, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун оина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ роҳнамоӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ доранд. Бо баҳрабардорӣ аз онҳо дар сулҳу салоҳ бо намояндагони дигар дину мазҳабҳо зистан аз рисолатҳои мусулмонии мост. Худованди кариму раҳим ҳам дӯсти солеҳон аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 41698
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед