мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои
навтаъинро ба ҳузур пазируфт
7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳоро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шуданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо барои ҷоннок намудани корҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият дастурҳои мушаххас дод.
Супориш шуд, ки назорат аз рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат, амру фармонҳои Президенти мамлакат, аз ҷумла риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шавад. Таъкид гардид, ки мардум дар муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд фаъол бошанд, баргардондани ҷавонону наврасон аз мактабҳои ғайриқонунии динии хориҷи кишвар идома дода шавад ва рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дошта бошад.
Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни солгарди 20 –уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, вусъат додани корҳои ободонӣ, кабудизоркунии муҳити зист ва бунёдкорию созандагӣ, бунёди варзишгоҳҳою толорҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, рушди туризм ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дода шуд. Таъкид гардид, ки дар ин корҳо бояд кормандони тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, занону духтарон, маҳаллаҳо ва ҷамоату деҳшӯроҳо фаъол бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ғамхорӣ ба мардум, қабули шаҳрвандон ва расидан ба арзу доди онҳо ва умуман хидмати софдилонаю содиқона ба давлату миллат аз вазифаҳои ҷонии ҳар як кадри роҳбарикунанда аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2054