барқияҳо
Барқияи тасаллият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод
10 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Хабари садамаи ҳавопаймо, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид, тамоми мардуми Тоҷикистонро андӯҳгин намуд.
Бо изҳори таъзия ва тассалият ба мардуми дӯст ва бародари Эрон аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3731