маориф
Чаро 300 нафар директор аз вазифа сабукдӯш шуд?
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар давоми соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 134 мактаб сохта ба истифода дода шуд.
Дар мавриди нарасидани омӯзгорон вазир изҳор дошт, ки сардорони раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба вазорат маълумоти нодуруст пешниҳод намудаанд. Масалан, тибқи нишондод дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 63 нафар омӯзгор намерасад. Санҷиши гурӯҳҳои корӣ дар минтақаи Рашт собит сохт, ки мактабҳои таҳсилоти умумии ин ҷо ба 141 нафар омӯзгор ниёз доранд.
Ҳамин тавр, то ҳол мушкилоти нарасидани омӯзгорон боқӣ мондааст. Ва ин дар ҳолест, ки 910 нафар мутахассис имсол баъди хатм ба ҷойи кор ҳозир нашудааст. Яке аз сабабҳои онро вазир аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ муҳайё накардани хобгоҳҳо барои мутахассисони ҷавон арзёбӣ намуд.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон вазир гуфт, ки беш аз 5,5 ҳазор нафар аз таҳсил дур мондааст ва аксари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
300 директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беасос гузоштани баҳои баланд ба муҳассилин аз вазифа сабукдӯш гардид.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5518