logo

президент

Таваҷҷӯҳи муттасили Сарвари давлат ба вазъи Рашт

20 январи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии    Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба вазъи кунунии водии Рашт ва таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои таъмини иҷрои барномаю нақшаҳои давлатӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла дастур дода шуд:

- ҳаҷми қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони хурду миёнаи минтақа зиёд карда шуда, фоизи бозгардонии қарзҳо паст карда шавад;
- дар соли равон 64 синфхонаи иловагӣ барои мактабҳои ноҳияи Рашт сохта шуда, барои ба мактабҳои умумӣ табдил додани мактабҳои ибтидоӣ ва 9 – сола тадбирҳо амалӣ карда шаванд;
- 2,5 ҳазор дона китобҳои дарсӣ, ки намерасанд,  давоми як ҳафта ба ҳамаи мактабҳои ноҳия дастрас карда шаванд;
- бунёд ва таҷдиди варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт бо 4 ҳазор ҷойи нишаст  то ҷашни солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо сифати баланд ба анҷом расонда шавад;
- сохтмони толори варзишии Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва як бинои нави таълимии он дар соли равон ва хобгоҳи дуюми донишҷӯён соли 2012 ба анҷом расонда шавад;
- матбааи ноҳия бо техникаю таҷҳизоти нав дар мӯҳлати кӯтоҳ таъмин карда шавад;
- ба театри халқии ноҳия либосҳои саҳнавӣ ва дастгоҳҳои тақвияти садо дастрас карда шаванд;
- шароити муосири дилхушӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ноҳия муҳайё карда шавад;
- пахши пурра ва босифати мавҷҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ таъмин гардад.
Ҳамчунин доир ба бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ доир ба дӯхти либос, коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд кардани грантҳои ҳукуматӣ барои рушди ҳунармандии мардумӣ, таъмини шароити зарурии муосир дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, навсозии роҳҳои маҳаллӣ, ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас кардани тракторҳо, испор, тухмипошак, дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ, тухмиҳои хушсифат, беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обӣ ва азхуднамоии заминҳои нав, ҷудо кардани замин ба аҳолӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва кашидани хатҳои оби ошомиданӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуданд.
Таъкид гардид, ки дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашну идҳои миллӣ – Наврӯзи хуҷастапай, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангию варзишӣ, ки ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз таъриху тамаддун ва давлату давлатдории миллии тоҷикон мусоидати фаъол мекунанд, ба роҳ монда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар мӯҳлати 10 рӯз доир ба иҷрои дастуру супоришҳои имрӯза нақшаи мушаххаси чорабиниҳо бо мӯҳлатҳои муайян таҳия ва пешниҳод гардад ва рафти иҷрои барномаю нақшаҳои давлатӣ дар ин минтақа таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед