logo

маориф

Ҳаҷми маоши устодон дар асоси баҳои тестӣ ва баҳогузории инфиродӣ муқаррар мешавад

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муассисаи бунёдии таҳсилоти олии техникии кишвар аст. Ҳар сол онро ҳудуди 1,5 ҳазор мутахассиси соҳаҳои гуногуни саноату сохтмон, энергетикаву нақлиёт ва технологияи иттилоотиву иртиботӣ, ки ба хоҷагии халқи мамлакат беш аз пеш заруранд, бо 54  ихтисос хатм мекунад. Аммо, оё сифати касбии онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯст?
Бино ба иттилои Анвар Абдурасулов, ректори донишгоҳ,  омодасозии мутахассисони ҳирфаии дар бозори  меҳнат рақобатпазир ҳадафи ниҳоии муассиса буда, ба ин хотир  соли 2010  тадбирҳои ҷиддӣ ва нишонрас андешида шуданд. Нахуст, дар заминаи филиалҳои донишгоҳҳои техникӣ ва технологии шаҳри Хуҷанд Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва бо муттаҳидсозии коллеҷҳои техникӣ ва политехникӣ дар шаҳри Душанбе Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Ба андешаи ректор, тадбири дигаре, ки дар ин сол ба сифати таълим таъсири хуби чашмрас гузошт, истифодаи шеваҳои наву замонавии санҷиши сатҳи андӯзиши донишомӯзон, ба мисли санҷишҳои фосилавӣ ва истифода аз низоми кредитии таълим аст. Имсол ва минбаъд низ сифати фаъолияти устодон ва ҳаҷми маоши онҳо дар асоси санҷиши тестӣ ва баҳогузории инфиродӣ муқаррар мешавад.
-Чунин иқдом, - ёднишон гашт Анвар Абдурасулов, - ба пешгирии коррупсуя дар донишгоҳ мусоидат менамояд.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5601
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед