мулоқотҳо
Сафири
Арабистони Саудӣ эътимоднома
супурд
24 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбат, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён дошт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз равобити сиёсии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, ки бар асоси эътимод ва созандагӣ сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд: "Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем ва ин матлабро борҳо таъйид намудаем".
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои сафарҳои худро ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, ифтитоҳи сафоратҳои ду кишварро дар пойтахтҳои ҳамдигар - Душанбе ва ар-Риёз ва рӯ ба густариш овардани муносиботи дӯстию ҳамкориро боиси қаноатмандӣ арзёбӣ кард.
Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд изҳор дошт, ки ифтитоҳи сафорати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе ба тавсиаи робитаҳо ва самароварии ҳамкорӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, барои тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар кӯшиши зиёд ба харҷ бояд дод.
Барои ин доир намудани ҷаласаи нахустини комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва таҳияи як зумра санадҳои тавсиабахши заминаи қарордодӣ-ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд. Аз ҷумла таҳия ва ба тасвиб расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя, оид ба ҳамкорӣ дар бахши туризм ва додани қарзҳо амри матлуб арзёбӣ гардид.
Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ, саноати кимиёвӣ, кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гӯсфандпарварӣ, парвариши занбӯри асал, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсолу содироти оби баландсифати нӯшокӣ мароқ зоҳир карда шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кӯҳӣ низ судбахш арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла оид ба ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони конфронси исломӣ, гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1991