мулоқотҳо
Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев
Бегоҳии 25 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев оид ба амали террористии дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рухдода ва дигар масъалаҳо гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ин амали мудҳиши террористиро маҳкум карда, аз Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев хоҳиш намуд, ки ба хешовандону наздикони қурбониёни фоҷиа ҳамдардии амиқи Президент ва мардуми тоҷикро расонад.
Дар рафти сӯҳбати телефонӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба омодагии ҷониби Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи мақомоти амниятии ду кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ибрози андеша кард.
Сарони ҳар ду давлат аз сатҳу сифати муносибатҳои феълии ҳукуматҳо изҳори қаноатмандӣ карда таъкид намуданд, ки ҷонибҳо барои тақвият бахшидани муносибатҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебаранд. Ҷоннок кардани фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба амри зарурӣ шумурда шуд.
Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори тасаллият карда, иброз дошт, ки ҳукумати Федератсияи Русия барои табобати осебдидагон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2062