logo

энергетика

Абдулло Ёров: «Дар фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» камбудиҳо бисёранд»

Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" дар соли 2010-ум  14 миллиарду 614 миллион кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол намуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 714 миллион кВт.соат зиёд аст.
 Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани реҷаи коркарди обанбори Норак сатҳи оби он  то 19 октябри соли 2010 дар нишондоди 910,50 метр нигоҳ дошта шуд ва ин имконият дод, ки таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ  бо барқ дар моҳҳои ноябру декабр ба 10 - 12 соат расонида, 7 шаҳри ҷумҳурӣ бемаҳдудият бо барқ таъмин гардад. Соли 2009 агар дар давраи маҳдудсозии истифода аз нерӯи барқ ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 42,7 миллион  кВт.соат нерӯи барқ гирифта бошад, дар соли 2010 ин рақам ба 48 - 50 миллион кВт.соат баробар шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар муқоиса ба соли  пеш аз истифодаи нерӯи барқ 337,5 миллион сомонӣ бештар маблағ ҷамъоварӣ шуд. Вале вобаста ба сари вақт пура пардохт нагардидани маблағи барқи истифодашуда ШСХК "Барқи тоҷик" ба ҳолати 1 январи соли 2011 аз андоз ба маблағи 292,5 миллион сомонӣ қарздор аст, ки аз ин қарзи асосӣ 204,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
 Ба саволи «Чаро фаъолияти ҳама ширкатҳои барқӣ дар ҷаҳон фоидаовару азони «Барқи тоҷик» чунин нест», раиси ширкат посух дод, ки дар кори муассиса камбудиҳо ҳанӯз бисёранд. Қабл аз ҳама кадрҳои донишу қобилияти баланди тахассусӣ дошта намерасанд. Дар  аттестатсияи ба қарибӣ гузаронидаамон 30 нафар назоратчии барқ ба талабот мувофиқ надониста, аз кор сабукдӯш ва ҳамин қадари дигар бо сатҳи пасти донишу фаҳмиш дар кор мононда шуд. Мо ҳоло барои ба тартиб даровардан ва рафъи камбудиҳо, ки аксаран аз солҳои пеш боқӣ мондаанд, кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳем.

Неъматуллоҳи ЁРМУҲАММАД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3779
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед