маориф
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ
дар асоси забони тоҷикӣ
сурат мегирад
Тибқи иттилои Носир Салимов, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, донишҷӯён тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳини таътили зимистонӣ дар ҳалқаи хонавода баррасӣ карда, натиҷаашро ба Вазорати маориф пешниҳод намоянд.
-Иқдоми назарраси донишгоҳ дар ин сол таълифу нашри китоби дарсии «Курси амалии забони русӣ» буда, он бо истифода аз технологияву шеваҳои нави забономӯзии ҷаҳони муосир таҳия гардид. Сабку шеваҳои барои забономӯзии амалӣ, ҳифзи вожаву ибора ва матнҳои коргарро устодони донишгоҳ ҳини таҳияи китобҳои дигари таълимӣ низ истифода бурданд, ки онҳо айни замон дар дасти чопанд, - иброз намуд ректори донишгоҳ дар нишасти матбуотӣ.
Дастоварди дигари донишгоҳ дар ин сол эҳёи мактаби тарҷумонӣ ва нашри китоби дарсии ҷопонист, ки онро донишҷӯён тарҷума карданд. Дар ин китоб аз шеваҳои таълими ҷаҳони муосир ва василаҳои техникиву суннатии забон фаровон истифода шуд, зеро забономӯзӣ бояд василаи ташаккули тафаккури мантиқӣ ва вусъати шууру ҷаҳонбинӣ низ бошад, - гуфт Носир Салимов ва афзуд, - аммо мушкил ин аст ки дар гуфтори ҳамарӯзаи ҷомеаи феълии мо истифодаи забони меъёр маъмул нашудааст. Бинобар он, ба хотири эҷод гаштани муҳити забонӣ дар донишгоҳ ҳини таълим дар радифи истифода аз маҳвора, интернет ва шаклҳои электронӣ омӯзиши забонҳоро дар асоси забони тоҷикӣ ба роҳ мондем, то ба ин васила сатҳи забони тоҷикиро бардорем.
Хайринисои Расулӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5575