logo

номаҳо

Саттор Расулов - аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (то соли 1936) чӣ гуна шахсият буд?

Саҳифаҳои бо мурури замон зардшудаи рӯзномаи ноҳиявии "Болшевики Ховалинг" -ро аз назар гузаронида бо маҷрои ҷараёни зиндагии мардуми гузаштаи диёр ошно гаштам.
Дидам, ки аз сад ҳамагӣ чанд фоизе оиди алангаи оташи таъқибот ва зиндагиномаи мардони боилму фарҳанг навиштаанд, ки бо аксашон ба табъ расидаанд. Дар қатори хабару мақолаҳо дар баъзе аз саҳифаҳои рӯзнома таъзияномаҳо дар бораи шахсони бонуфуз, вале айни замон номашон фаромӯшшуда, ба чашм расиданд.
Аз ҷумла дар шумораи 1 майи соли 1936 чунин таъзия ҷой дорад: "Саттор Расулов. Дар деҳаи Сумбулхо ба дунё омада, баъди вафоти падараш дар тарбияи модараш буд ва ҳамчун аввалин аъзои колхоз фаъолияти ибратбахш дошт. Ин буд, ки ӯро ба колхози Иттифоқ аввалин раис таъин карданд.
Фаъолияти ӯро ба назар гирифта, вайро дар анҷумани Советии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати Тоҷикистон гирифтанд…
Саттор Расулов 24 апрели соли 1936 аз беморӣ аз дунё даргузашт".
Аз пайи омӯзиши фаъолияту рӯзгори Саттор Расулов мешавам. Аён мегардад, мардуми деҳае, ки ин марди меҳнатдӯсту  номдор дар он ҷо зиндагӣ кардааст, бо барҳамхӯрии ноҳияи Ховалинг (Ховалинг як муддат чун ноҳия барҳам хӯрда буд), ба дигар ҷойҳо муҳоҷир шудаанд. Аз авлоди ин марди номдор кӣ дар қайди ҳаёт аст ва аз худи ӯ  чӣ ёдгоре ба замони мо мондааст, бароямон номаълум мебошад.
Маълум аст, ки баъзе аз роҳбарон ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таъқибот, дасисабозиҳои душманони дохилӣ  ба ҳар тарзу усул дар он солҳои пурфоҷиаву пуршӯр аз ҳаёт маҳрум шуданд. Шояд тақдири ӯ низ чунин ҳал шуда? Саттор Расулов -узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар солҳои 30-юми асри гузашта) ҷустуҷӯ, омӯзиш таҳқиқотро тақозо дорад.
Бинобар он, аз ҳамдиёрон, куҳансолон, онҳое, ки Саттор Расуловро медонанд, дар бораи ӯ, фаъолияташ, бозмондагонаш хабаре доранд, хоҳиш менамоем, ки ба мо маълумот пешниҳод намоянд.

Амир Сайиди Мункӣ,
директори Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии
ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3721
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед