мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Фарит Мухаметшинро ба ҳузур пазируфт
1 феврали соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Агентии федеролии Русия доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ Фарит Мухаметшинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
"Муносибот бо Русия барои Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир аст", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: "Имрӯз ҳамдастии стратегии ду кишвар тамоми самтҳоро фаро гирифтааст ва соҳаҳои гуманитарӣ дар миёни самтҳои ҳамкорӣ мақоми хос доранд".
Фарит Мухаметшин аз натиҷаҳои мулоқоту сӯҳбатҳояш бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва мӯҳтавои созишномаи нави байниҳукуматӣ оид ба ифтитоҳи марказҳои иттилоотӣ - фарҳангии ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар иттилоъ дода, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои гуногуни ҳамкории гуманитарӣ ба нафъи мардумони Тоҷикистону Русия хоҳанд буд.
Татбиқи барномаҳои муштарак доир ба ворид намудани дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ дар истеҳсолот ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ба роҳ мондани чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, мусоидат ба омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, зиёд намудани бурсияҳо (квотаҳо) барои қабули донишҷӯёни тоҷик ба мактабҳои олии Русия ва ҳамчунин кӯмак ба ҳунаромӯзӣ ва такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ аз самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаи гуманитарии Тоҷикистону Русия маънидод гардид. Аз фаъолияти босамари филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиалҳои Донишкадаи энергетикӣ ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав, ки дар соли равон сурат хоҳад гирифт, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд барои дар Тоҷикистон вусъат додани ҳунаромӯзию такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатӣ, шиносоии онҳо бо талаботи қонунгузории ду кишвар ва бо роҳхатҳои расмӣ ба Русия ба кор фиристодани онҳо чораҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво омодагӣ ва ҳавасмандии устувори ду кишвар таъкид гардид.
www.president.tj
-Дар мулоқоти мо бо ҷаноби Президент масъалаҳои тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи илмию фарҳангӣ, зарурати ифтитоҳи марказҳои иттилоотӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Дар доираи ҳамкориҳо ворид намудани навтарин технологияи иттилоотӣ дар истеҳсолот, илму маориф, туризм ва дигар бахшҳо таваҷҷӯҳ зоҳир шуд, - гуфт Фарит Мухаметшин, роҳбари Агентии федеролии Русия доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фарит Мухаметшин дар сӯҳбат бо хабарнигорон тазаккур дод, ки мо бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ифтитоҳи марказҳои иттилоотӣ-фарҳангӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Душанбе ба имзо мерасонем. Ин санад дар рушди минбаъдаи муносибатҳои мо дар ин бахшҳо мусоидат хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар назди марказ шӯъбаи ҳамкориҳои инноватсионӣ ва илмиву техникӣ таъсис ёбад.
Ба гуфти мавсуф, дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба омӯзиш ва аз худ кардани тахассус фаро гирифтани муҳоҷирони корие, ки ба Русия ва дигар мамолики ИДМ мераванд, матраҳ гаштааст. Зикр гардид, ки вобаста ба ин масъала барномаи махсус дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия таҳия хоҳад шуд.
Додоҷон Рӯзиев,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2106