logo

маориф

Ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид мешаванд

Мӯминҷон Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати ҷумҳурӣ, ба хабарнигорон аз фаъолияти соли гузаштаи маъмурият сухан ронда, аз ҷумла зикр сохт, ки кулли биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо ва хобгоҳи донишҷӯён таъмир гардида, мизу курсиҳоро нав карданд. Аз 425 компютер 150 адади он ба шабакаи интернет пайваст буда, дар хизмати толибилмон мебошад. Маркази тестӣ, ки 100 ҷойи нишаст дорад, бо 100 компютери нав, тахтаи электронӣ ва телевизор ҷиҳозонида шуд. Тӯли соли хониш зиёда аз 1000 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ харида, адади китобҳои китобхонаро ба 232066 нусха расонданд. Инчунин дорои 30 ҳазор нусха китоби электронӣ шуданд.
Бо мақсади амалӣ намудани ғояҳои асосии Консепсияи миллии таҳсилот ва стратегияи рушди таҳсилоти олӣ дар ҷумҳурӣ то соли 2015 дар ҳама факултаҳои рӯзонаи таҳсил ва қисман ғоибона татбиқи низоми кредитии таҳсилот ба анҷом расид. Аз ҷониби муаллимон 20 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ нашр шуда, 15 китоби дарсӣ ва комплексҳои таълимӣ- методӣ бо забони давлатӣ барои баррасӣ ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ пешниҳод ва ба чоп тавсия гардиданд, -афзуд сарвари донишгоҳ.
200 матлаби илмии устодон дар дохил ва хориҷи кишвар нашр шуд. Дар соли ҷорӣ яке аз мақсадҳои асосии донишгоҳ таъмини болоравии сифати таълиму тарбия ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонист.

Убайдуллои МУРОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед