маориф
Дар донишгоҳ ҳамгироии таълим ва илм қавист
Иззатулло Сатторӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки кӯшишу ғайрати хатмкунандагон дар аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ ба 95,2 фоиз расид. Тадбирҳо оид ба гузаронидани он, таҳия ва ҷорӣ намудани фанни нави "Асосҳои илмию амалии кишоварзӣ" вобаста ба ихтисосҳои хатмкунандагон ва ташкили дарсҳои маҷмӯавӣ бо иштироки профессорони варзида ба боз ҳам баланд шудани донишу маҳорати мутахассиси оянда мусоидат кард. Назар ба гуфти ректор, бахшида ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ донишгоҳ дар ҷамъбасти озмуни "Омӯзгорони ихтироъкор ва донишҷӯёни эҷодкор" дар байни макотиби таҳсилоти олии кишвар ҷои дуюмро ишғол намуд. Олимон дар асоси тадқиқоти илмӣ соҳиби 8 патент шуда, бо медали Маркази патенту иттилоотии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.
Иззатулло Сатторӣ таъкид ба он дошт, ки дар донишгоҳ ҳамгироии таълим ва илм қавист. Омӯзгорон мекӯшанд, баробари тарбияи мутахассисон ба тадқиқоти илмӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Дар соли гузашта се озмоишгоҳи таълимию илмӣ "Фитопотология", "Зооветехнология" ва "Гулпарварӣ" таъсис ёфт.
Ба мақсади беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандон ва бахусус дастгирии омӯзгорони ҷавон, ки аз таъкидҳои Сарвари давлат бармеояд, музди меҳнат аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ то 76 фоиз баланд, ҳамчунин 10 га замин барои бунёди шаҳраки омӯзгорон ҷудо гардид.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5526